https://sputnik.tj/20260703/dushanbe-omodagi-sokhtmoni-metro-poytakht-1078778442.html
Дар Душанбе омодагӣ ба сохтмони метро дар пойтахт баррасӣ шуд
Дар Душанбе омодагӣ ба сохтмони метро дар пойтахт баррасӣ шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон айни замон бо кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд
2026-07-03T16:41+0500
2026-07-03T16:41+0500
2026-07-03T16:41+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
метро
душанбе
вазорати нақлиёт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064685820_0:192:2959:1856_1920x0_80_0_0_3be1c485e873827459575a136e1474b5.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Дар Душанбе рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.Ин масъала дар мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" (Korea National Railway, KNR) Юн Ҳак Сун баррасӣ шуд.Дар мулоқот рушди фаъолияти якҷояи ду кишвар дар бахши нақлиёти роҳи оҳан ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт муҳокима карда шуд.Қайд карда шуд, ки Тоҷикстону Корея солҳои охир барои рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо, аз ҷумла бахши нақлиёт тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуданд.Ҷонибҳо дар ин дидор аз рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.Қайд карда шуд, ки айни замон бо дастгирӣ ва кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд.Вазири нақлиёти кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо ҳамтоёни худ дар ин самт ҳамкориҳои судмандро идома диҳад.Мавриди зикр аст, ки 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт ба имзо расонида шуда буд.Роҳи оҳани иллии Корея (Korea National Railway (KNR) ширкати давлатӣ мебошад, ки барои сохтмон, рушд ва хидматрасонии инфрасохтори роҳи оҳан дар Кореяи Ҷанубӣ масъул аст. Он моҳи январи соли 2004 дар доираи ислоҳоти бахши роҳи оҳан таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20251117/imzo-sanad-tojikiston-koreya-sokhtmon-metro-dushanbe-1073009104.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/0a/0b/1064685820_115:0:2846:2048_1920x0_80_0_0_166c118f2ab4b207522b426f90c3f2a9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, нақлиёт, метро, душанбе, вазорати нақлиёт
дар тоҷикистон, нақлиёт, метро, душанбе, вазорати нақлиёт
Дар Душанбе омодагӣ ба сохтмони метро дар пойтахт баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон айни замон бо кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Дар Душанбе рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар пойтахти Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар додааст.
Ин масъала дар мулоқоти Вазири нақлиёти кишвар Азим Иброҳим бо ҳайати Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Директори иҷроияи департаменти ҳамкориҳои байналмилалии ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" (Korea National Railway, KNR) Юн Ҳак Сун баррасӣ шуд.
Дар мулоқот рушди фаъолияти якҷояи ду кишвар дар бахши нақлиёти роҳи оҳан ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ин самт муҳокима карда шуд.
Қайд карда шуд, ки Тоҷикстону Корея солҳои охир барои рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар тамоми самтҳо, аз ҷумла бахши нақлиёт тадбирҳои судманд роҳандозӣ намуданд.
Ҷонибҳо дар ин дидор аз рафти корҳои пешакии лоиҳаи сохтмони метро дар шаҳри Душанбе изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Қайд карда шуд, ки айни замон бо дастгирӣ ва кумаки техникии Корея 4 лоиҳа дар соҳаи нақлиёти Тоҷикистон татбиқ мешаванд, ки аз онҳо 3 лоиҳа дар ҳоли ҷамъбаст ва натиҷагирӣ қарор доранд.
Вазири нақлиёти кишвар изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша омода аст бо ҳамтоёни худ дар ин самт ҳамкориҳои судмандро идома диҳад.
Мавриди зикр аст, ки 1 июли соли 2024 байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати "Роҳи оҳани миллии Корея" Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти роҳу нақлиёт ба имзо расонида шуда буд.
Роҳи оҳани иллии Корея (Korea National Railway (KNR) ширкати давлатӣ мебошад, ки барои сохтмон, рушд ва хидматрасонии инфрасохтори роҳи оҳан дар Кореяи Ҷанубӣ масъул аст. Он моҳи январи соли 2004 дар доираи ислоҳоти бахши роҳи оҳан таъсис дода шудааст.