Иштирок дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ раҳбари олии Эрон Алӣ Хоманаӣ – видео

Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Теҳрон дар маросими эҳтиром ва видоъ бо собиқ Раҳбари Олии Эрон Оятуллоҳ Саид Алии Хоманаӣ иштирок намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раиҷумҳури кишвар хабар додааст.
Дар ин маросим Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва мардуми Эрон ва наздикону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон сафар кард.
дар ин сафар Президенти киҳшварро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки илова бар ҳузури зиёди мардум, чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва илмӣ аз саросари ҷаҳон низ барои эҳтиром дар маросими видоъ бо раҳбари шаҳидшудаи Эрон дар Теҳрон ҳузур хоҳанд дошт.
Тоҷикистону Эрон ба тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид карданд
Қарор аст, мақомоти баландпоя ва роҳбарони кишварҳои гуногун аз тақрибан 40 кишвар дар ин маросим ширкат кунанд ва бо ҳузури худ ба мақоми баланди раҳбари Эрон эҳтиром хоҳанд гузошт.
Эрон барои бузургтарин маросими дафни давлатӣ дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ омодагӣ дидааст.
Маросими видоъ дар панҷ шаҳри Эрон ва Ироқ дар тӯли шаш рӯз, аз рӯзи шанбе, 4 июл, баргузор мешаванд.
Маросими дафни ниҳоӣ 9 июл дар Машҳад баргузор мешавад. Маросими расмии дафни Хоманаӣ чор моҳ пас аз маргаш баргузор мешавад.
Раҳмон ба Эрон рафт
Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Эрон 28 феврали соли 2026 ҳангоми аввалин ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил ба хоки Эрон кушта шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи ӯ чанд мақоми баландпоя ва фармондеҳони низомии дигар низ кушта шудаанд. Хоманаӣ 36 сол ба ҳайси раҳбари олии сиёсӣ ва динии кишвар кор карда буд.
Лентаи хабарҳо
0