Тоҷикистону Эрон ба тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвар таъкид карданд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаРабочий визит Эмомали Рахмона в Исламскую Республику Иран для церемонии прощания с верховным лидером Али Хаменеи.
Рабочий визит Эмомали Рахмона в Исламскую Республику Иран для церемонии прощания с верховным лидером Али Хаменеи.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо ҳамтои эрониаш дар Теҳрон аз рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ кард
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои эрониаш Масъуди Пизишкиён дидору мулоқот кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба ититили манбаъ, дар оғози суҳбат кишвардори Тоҷикистон бори дигар ба роҳбарият ва мардуми Эрон дар робита ба шаҳодати собиқ Раҳбари олии кишвар Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ изҳори таслият кард.
Қайд карда шудааст, ки зимни суҳбат аз раванди рушди ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Раисҷумҳури кишвар аз фаъолияти босамари Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ҳамчун василаи муҳими робитаҳои иқтисодиву тиҷорӣ таъкид кард.
Государственный визит Эмомали Рахмона. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.07.2026
Раҳмон ба Эрон рафт
Вай дар ин дидор қайд кард, ки ҳаҷми табодули молу коло миёни ду кишвар дар панҷ соли ахир ҳашт баробар афзуда, дар соли 2025 қариб ба панҷсад миллион доллар наздик шуд.
“Барои расонидани ин нишондод ба як миллиард доллар дар ояндаи наздик тамоми имкониятҳои зарурӣ мавҷуданд”, - таъкид кардааст раҳбари Тоҷикистон дар дидор бо Пизикиён.
Вай ҳамчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои саноат, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, роҳсозӣ, ҳамлу нақл, сайёҳӣ ва тандурустӣ муҳим донит.
Зимни баррасии масоили амниятӣ изҳори умед карда шудааст, ки раванди сулҳу созиш ва афзалият додан ба роҳҳои сиёсию дипломатии ҳалли низоъҳо дар минтақа устувор хоҳад монд.
Ҳамчунин дар ин дидор роҳбарони ду кишвар ба тавсеаи беш аз пеши робитаҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари таъкид намуданд.
Лентаи хабарҳо
0