https://sputnik.tj/20260703/rahmon-ba-eron-raft-1078774537.html
Раҳмон ба Эрон рафт
Раҳмон ба Эрон рафт
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистонбарои иштирок дар маросими видоъбо Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон сафар кард
2026-07-03T12:13+0500
2026-07-03T12:13+0500
2026-07-03T12:13+0500
эмомалӣ раҳмон
дар тоҷикистон
эрон
оятуллоҳ хоманаӣ
маросими видоъ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077711839_0:0:2047:1151_1920x0_80_0_0_7826c8284ae6b16651258ff9c9936ae2.jpg
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон сафар кард.Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Президенти киҳшварро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими расмии адои эҳтиром ва видоъ бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ ширкат хоҳад кард.Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки илова бар ҳузури зиёди мардум, чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва илмӣ аз саросари ҷаҳон низ барои эҳтиром дар маросими видоъ бо раҳбари шаҳидшудаи Эрон дар Теҳрон ҳузур хоҳанд дошт.Қарор аст, мақомоти баландпоя ва роҳбарони кишварҳои гуногун аз тақрибан 40 кишвар дар ин маросим ширкат кунанд ва бо ҳузури худ ба мақоми баланди раҳбари Эрон эҳтиром хоҳанд гузошт.Эрон барои бузургтарин маросими дафни давлатӣ дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ омодагӣ дидааст.Маросими видоъ дар панҷ шаҳри Эрон ва Ироқ дар тӯли шаш рӯз, аз рӯзи шанбе, 4 июл, баргузор мешаванд.Маросими дафни ниҳоӣ 9 июл дар Машҳад баргузор мешавад. Маросими расмии дафни Хоманаӣ чор моҳ пас аз маргаш баргузор мешавад.Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Эрон 28 феврали соли 2026 ҳангоми аввалин ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил ба хоки Эрон кушта шуд.Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи ӯ чанд мақоми баландпоя ва фармондеҳони низомии дигар низ кушта шудаанд. Хоманаӣ 36 сол ба ҳайси раҳбари олии сиёсӣ ва динии кишвар кор карда буд.
https://sputnik.tj/20260702/rahmon-baroi-vido-khomanai-eron-meravad-1078725668.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077711839_8:0:1827:1364_1920x0_80_0_0_b42b02fc347fc9687670a7670db6a393.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, эрон, оятуллоҳ хоманаӣ, маросими видоъ, сиёсат
эмомалӣ раҳмон, дар тоҷикистон, эрон, оятуллоҳ хоманаӣ, маросими видоъ, сиёсат
Раҳмон ба Эрон рафт
Раисҷумҳури Тоҷикистонбарои иштирок дар маросими видоъбо Хоманаӣ ба шаҳри Теҳрон сафар кард
ДУШАНБЕ, 3 июл - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои анҷоми боздиди корӣ ба шаҳри Теҳрони Эрон сафар кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Президенти киҳшварро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президент дар умури масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазири энергетика ва захираҳои об, раиси Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар маросими расмии адои эҳтиром ва видоъ бо Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ ширкат хоҳад кард.
Мақомоти Эрон эълон кардааст, ки илова бар ҳузури зиёди мардум, чеҳраҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, илмӣ, динӣ ва илмӣ аз саросари ҷаҳон низ барои эҳтиром дар маросими видоъ бо раҳбари шаҳидшудаи Эрон дар Теҳрон ҳузур хоҳанд дошт.
Қарор аст, мақомоти баландпоя ва роҳбарони кишварҳои гуногун аз тақрибан 40 кишвар дар ин маросим ширкат кунанд ва бо ҳузури худ ба мақоми баланди раҳбари Эрон эҳтиром хоҳанд гузошт.
Эрон барои бузургтарин маросими дафни давлатӣ дар таърихи Ҷумҳурии Исломӣ омодагӣ дидааст.
Маросими видоъ дар панҷ шаҳри Эрон ва Ироқ дар тӯли шаш рӯз, аз рӯзи шанбе, 4 июл, баргузор мешаванд.
Маросими дафни ниҳоӣ 9 июл дар Машҳад баргузор мешавад. Маросими расмии дафни Хоманаӣ чор моҳ пас аз маргаш баргузор мешавад.
Оятуллоҳ Сайид Алӣ Ҳусайнии Хоманаӣ, раҳбари собиқи Эрон 28 феврали соли 2026 ҳангоми аввалин ҳамлаҳои ҳавоии муштараки Амрико ва Исроил ба хоки Эрон кушта шуд.
Гуфта мешавад, ки ҳамроҳи ӯ чанд мақоми баландпоя ва фармондеҳони низомии дигар низ кушта шудаанд. Хоманаӣ 36 сол ба ҳайси раҳбари олии сиёсӣ ва динии кишвар кор карда буд.