https://sputnik.tj/20260617/moshini-raisi-vmkb-daryo-sarozer-vkd-hodisa-1078359584.html
Мошини раиси ВМКБ ба дарё сарозер шуд: ВКД гуфт чӣ ҳодиса рух дод
Мошини раиси ВМКБ ба дарё сарозер шуд: ВКД гуфт чӣ ҳодиса рух дод
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон садамаи мошини Алишер Мирзонаботро шарҳ дод
2026-06-17T16:43+0500
2026-06-17T16:43+0500
2026-06-17T16:43+0500
дар тоҷикистон
садама
вкд
вмкб
алишер мирзонабот
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071986909_0:8:1481:841_1920x0_80_0_0_9ba765000142fd224f21baa7a3eec682.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.ВКД таъкид кардааст, ки ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.Инчунин ВКД хабар додааст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси КДАМ Ятимов Саймумин, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Рахмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20251025/intiqod-mirzonabot-faoliyat-ideologi-vmkb-1072413416.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/0a/1071986909_0:0:1482:1111_1920x0_80_0_0_39437a6933eb51b3770a5b8e5e43225a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, садама, вкд, вмкб, алишер мирзонабот, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
дар тоҷикистон, садама, вкд, вмкб, алишер мирзонабот, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
Мошини раиси ВМКБ ба дарё сарозер шуд: ВКД гуфт чӣ ҳодиса рух дод
Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД)-и Тоҷикистон садамаи мошини Алишер Мирзонаботро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
ВКД таъкид кардааст, ки ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.
ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
“Аз ҷойи ҳодиса як адад рақами қайди давлатии 287 ТҶ ва қисмҳои алоҳидаи воситаи нақлиёт пайдо карда шуд”, - таъкид кардааст ВКД.
Инчунин ВКД хабар додааст, ки бо дастури президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Раиси КДАМ Ятимов Саймумин, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Раҷабалӣ Рахмоналӣ ва дигар шахсони масъул дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.
Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.
Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.