Мақомот гуфт маоши камтарину баландатринро дар Тоҷикистон кӣ мегирад

© Sputnik Таджикские сомони в кошельке
Таджикские сомони в кошельке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.06.2026
Обуна шудан
Агентии омори Тоҷикистон моҳи апрели соли 2026 музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар кишвар афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 25 июн - Sputnik. Музди миёнаи ҳармоҳаи номиналии меҳнат, ки ба кормандони кироякор пардохта шудааст, дар моҳи апрели соли 2026-ум 3262 сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба моҳи марти соли 2026–ум 2,7% кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 20,3% зиёд шудааст.
Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод музди ҳадди ақал дар ҳудуди кишвар 1000 сомониро ташкил медиҳад.
Қайд карда шудааст, ки дараҷаи музди ҳақиқии меҳнат дар моҳи апрели соли 2026 нисбат ба моҳи марти соли 2026-ум 3,3% кам ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 16,1% зиёд шудааст.
Ба иттилои агентии омори кишвар музди меҳнати камтарин дар моҳи апрели соли 2026 миёни кормандони кишоварзӣ, хоҷагии ҷангалпарварӣ ва моҳипарварӣ (1524,13 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Музди меҳнати аз ҳама баланд дар соҳаи таъмини нерӯи барқ, газ, буғ ва хунуккунии ҳаво (5739 сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (5155 сомонӣ), сохтмон (3969 сомонӣ), саноати коркард (3165 сомонӣ) ва дар соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва коркарди дуюмдараҷа (2025 сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.
Умуман ба иттилои ин ниҳод, дар бахши воқеии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнат дар моҳи апрели соли 2026-ум 3482 сомониро ташкил дод ва нисбат ба моҳи апрели соли 2025-ум 19,4% зиёд шудааст.
Подсчет денег, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.12.2025
Раҳмон ваъда дод соли оянда маошу нафақа боз баланд мешавад
Ҳамчунин ба иттилои Агентӣ дар бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ музди меҳнати аз ҳама баланд дар кормандоне, ки фаъолияти миёнаравиҳои молиявӣ ва суғуртаро иҷро мекунанд – 8335 сомонӣ, дар соҳаи иттилоот ва алоқа – 6441 сомонӣ, дар соҳаи нақлиёт ва хоҷагии анбор 3686 сомонӣ ва дар амалиётҳо бо амволи ғайриманқул 2560 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои агентии омори кишвар музди миёнаи ҳармоҳаи меҳнати кормандони бахши хизматрасонии намудҳои фаъолияти иқтисодӣ дар моҳи апрели соли 2026-ум 3201 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи апрели соли гузашта 20,6% зиёд шудааст.
Лентаи хабарҳо
0