https://sputnik.tj/20251216/rahmon-maosh-baland-meshavad-1073850482.html
Раҳмон ваъда дод соли оянда маошу нафақа боз баланд мешавад
Раҳмон ваъда дод соли оянда маошу нафақа боз баланд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Президент инчунин ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз зиёд шудани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ эълон кард
2025-12-16T14:59+0500
2025-12-16T14:59+0500
2025-12-16T14:59+0500
дар тоҷикистон
нафақа
маош
раисҷумҳур
эмомалӣ раҳмон
зиёд шудан
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101685/14/1016851407_0:167:1600:1067_1920x0_80_0_0_fa50e44a0c47e3998255c6003ab10d62.jpg
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон эълон кард, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маошу нафақа зиёд карда мешавад.“Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”, - гуфт Раҳмон.Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавадРаисҷумҳури кишвар гуфт, ки ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.Инчунин кишвардори Тоҷикистон дар паёмаш таъкид кард, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ на кам аз 15% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.Татбиқи ин тадбирҳо барои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандгардонии рушди касбӣ дар бахшҳои калидӣ пешбинӣ шудааст.Раҳмон инчунин дастур дод, ки дар панҷ соли оянда дар Тоҷикистон 1,4 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.Вай инчунин қайд кард, ки кишвар дорои потенсиали бойи захираҳои инсонӣ буда, суръати афзоиши солонаи он 2%-ро ташкил медиҳад. Имсол 200 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.
https://sputnik.tj/20251216/rahmon-khurofot-davlat-taraqqi-peshravi-ilm-1073848397.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101685/14/1016851407_127:0:1550:1067_1920x0_80_0_0_448015d12babd5a01dbfd12358847890.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур , паём, маош, нафақа, банад, мешавад
эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳур , паём, маош, нафақа, банад, мешавад
Раҳмон ваъда дод соли оянда маошу нафақа боз баланд мешавад
Президент инчунин ба хотири беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз зиёд шудани нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ эълон кард
ДУШАНБЕ, 16 дек - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш ба парлумон эълон кард, ки аз 1-уми сентябри соли 2026 маошу нафақа зиёд карда мешавад.
“Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд”, - гуфт Раҳмон.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда мешавад
Раисҷумҳури кишвар гуфт, ки ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда мешавад.
Инчунин кишвардори Тоҷикистон дар паёмаш таъкид кард, ки барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ на кам аз 15% аз андозаи муқарраршудаашон индексатсия (зиёд) карда мешаванд.
Татбиқи ин тадбирҳо барои тақвияти ҳифзи иҷтимоӣ, беҳтар кардани сатҳи зиндагӣ ва ҳавасмандгардонии рушди касбӣ дар бахшҳои калидӣ пешбинӣ шудааст.
Раҳмон инчунин дастур дод, ки дар панҷ соли оянда дар Тоҷикистон 1,4 миллион ҷойҳои корӣ таъсис дода шаванд.
Вай инчунин қайд кард, ки кишвар дорои потенсиали бойи захираҳои инсонӣ буда, суръати афзоиши солонаи он 2%-ро ташкил медиҳад. Имсол 200 000 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд.