Раҳмон тоҷикистониёнро бо иди Тиргон шодбош гуфт

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2026
Обуна шудан
Президент изҳори итминон кард, ки мардуми Тоҷикистон бо такя ба суннатҳои неки аҷдодӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ барои пешрафти кишвар талош мекунанд
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон фарорасии ҷашни бостонии Тиргон – ёдгори пурарзиши тамаддуни бостонии ориёиро ба тоҷикистониён шодбош гуфт.
Раисҷумҳури Тоҷкистон дар паёми табрикотиаш таъкид кардааст, ки Тиргон дар радифи дигар ҷашнҳои миллиамон – Сада, Наврӯз ва Меҳргон аз фарҳангу тамаддуни бостонии ниёгони тоҷикон дарак медиҳад.
“Ин ҷашнҳо на танҳо таҷассумгари ҷаҳонбинӣ, фарҳанги кишоварзӣ, эҳтиром ба табиат ва арзишҳои инсондӯстонаи аҷдоди тоҷиконанд, балки ҳалқаи пайванди ниёгони мо бо наслҳои имрӯзаву ояндаи миллатамон мебошанд”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки имрӯз ҷашни Тиргон ҳамчун бахше аз мероси фарҳангӣ ва ҳувияти таърихии мардумони ориёинажод, аз ҷумла форсизабонон, рамзи ҳамбастагӣ, сулҳ, дӯстӣ бо табиат ва гиромидошти суннатҳои ниёгон маҳсуб мешавад.
Раисҷумҳур қайд кард, ки имрӯз дар кишвар арзишҳои фарҳангии гузаштагон эҳё гардида, дар ҳаёти ҷомеа ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кардаанд.
Раҳмон қайд кард, ки ҷашни Тиргон дар фарҳанги ниёгони тоҷикон рамзи эҳтиром ба об ва неъматҳои табиат мебошад ва ба ҳамин хотир ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон ифодаи муосири ҳамин ҷаҳонбинӣ ва масъулияти инсоният дар назди наслҳои оянда мебошанд.
В Душанбе отметили Тиргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Аз намоиш то фурӯши меваю сабзавот: Тоҷикистон ҷашни Тиргонро бо шукуҳ таҷлил мекунад
Тиргон, тавре ки зикр гардид, ҷашни кишоварзон низ маҳсуб ёфта, рамзи заҳматдӯстӣ, фаровонӣ, эҳтиром ба замин ва неъматҳои табиат мебошад.
Кишвардори Тоҷикистон бори дигар таъкид кард, ки аз обу замин самаронок истифода намоянд.
Вай гуфт имрӯз соҳаи кишоварзӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иқтисодии давлат буда, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ҳадафи асосии кишвар ба шумор меравад.
Раҳбари давлат изҳори боварӣ кардааст, ки ҷашни бостонии Тиргон ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об тоҷиконро ба ҳифзи захираҳои табиат, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва бунёди ҷаҳони ободу осуда раҳнамун месозанд.
Ҷашни Тиргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои тоҷикон мебошад, ки аз шебу фарози садсолаҳо ва ҳодисоти мураккаби рӯзгор гузашта, то ба рӯзгори мо расидааст.
Эмомали Рахмон посетил пшеничные поля Мухсинджона и сады Хуросона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2026
Раҳмон аз сокинон даъват кард, ки захираҳои Тоҷикистонро оқилона истифода баранд
Он дар радифи Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми мо ба шумор меравад.
Ин ҷашн мутобиқи солшумории қадимаи ориёӣ дар рӯзи 13-уми моҳи Тир, ки он рӯзро низ Тир меномиданд, баргузор мешуд.
Ба ин муносибат ҳамасола ҳамакнун дар якшанбе сеюми авохири июн дар Тоҷикистон ин ҷашн бошукуҳ, бо намоиши дастовардҳои бахши кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардуми таҷлил мешавад.
Лентаи хабарҳо
0