https://sputnik.tj/20260623/namoish-furushi-mevau-sabzavot-tojikiston-jashni-tirgon-tajlil-1078526676.html
Аз намоиш то фурӯши меваю сабзавот: Тоҷикистон ҷашни Тиргонро бо шукуҳ таҷлил мекунад
Аз намоиш то фурӯши меваю сабзавот: Тоҷикистон ҷашни Тиргонро бо шукуҳ таҷлил мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мегардад
2026-06-23T18:45+0500
2026-06-23T18:45+0500
2026-06-23T18:45+0500
дар тоҷикистон
ид
баҳор
зироат
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068378834_286:189:3074:1757_1920x0_80_0_0_c8cbf359eda20a8145f38f074c6d1137.jpg
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Имсол ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мегардад.Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.Қайд карда шудааст, ки ҷашни Тиргон 28 июн дар "Боғи Ирам" таылил мешавад.Ба итттилои вазорат, дар ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироати полезӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад. Ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад.Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.Асосан Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад.Имрӯзҳо таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.
https://sputnik.tj/20260527/idi-qurbon-rahmon-mardumi-tojik-sarfa-sarishtakori-1077838498.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/06/17/1068378834_172:0:2903:2048_1920x0_80_0_0_a0ac063822f5014511ee7102320d9275.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, ид, баҳор, зироат, кишоварзӣ
дар тоҷикистон, ид, баҳор, зироат, кишоварзӣ
Аз намоиш то фурӯши меваю сабзавот: Тоҷикистон ҷашни Тиргонро бо шукуҳ таҷлил мекунад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik. Имсол ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши "Хушкмеваҳои Тоҷикистон" таҷлил мегардад.
Дар ин бора вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки ҷашни Тиргон 28 июн дар "Боғи Ирам" таылил мешавад.
Ба итттилои вазорат, дар ҷашнгоҳ навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ ва зироати полезӣ ба намоиш ва фурӯш гузошта мешавад. Ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.
Ҷашни Тиргон дар қатори Наврӯзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад.
Бояд гуфт, ки Тиргон дар қатори ҷашнҳои Сада, Наврӯз ва Меҳргон ҷашни мавсимии кишоварзон буда, он ба обу замин ва ҷамъ овардани ҳосили зироатҳо робитаи мустақим дорад.
Асосан Тиргон ҷашни расиши гандуму нон, ҷашни обу ободии инсон, ҷашни тобистон ва ҷашни ҷамоварии дастранҷи деҳқон мебошад.
Имрӯзҳо таҷлил намудани ҷашни Тиргон барои ҷалби бештари сайёҳон ва муаррифии анъанаҳои аҷдодиамон ба ҷомеи ҷаҳонӣ мусоидат мешамояд.