https://sputnik.tj/20260628/axios-tramp-sozishhoi-ankorij-dast-kashad-1078642176.html
Axios: Трамп метавонад аз созишҳои Анкориҷ даст кашад
Axios: Трамп метавонад аз созишҳои Анкориҷ даст кашад
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи амрикоии Axios навиштааст, ки раисҷумҳури ИМА Донад Трамп изҳор дошт, ки метавонад аз созишномаи Анкориҷ даст кашад
2026-06-28T16:21+0500
2026-06-28T16:21+0500
2026-06-28T16:21+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
амалиёти вижа
доналд трамп
има
сиёсат
русия
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078333542_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f544f89eddc331c8147f9f8753d61480.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Нашрияи Axios дар истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад, ки президенти ИМА Доналд Трамп гӯё изҳор дошт, ки метавонад аз созишҳое, ки бо Русия дар Аляска ба даст омадаанд, ки контроли Русия бар Донбассро дар бар мегирифтанд, даст кашад.Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар нишасти Аляска президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп пешниҳодҳои Вашингтонро дар бораи Украина, ки аз ҷониби Русия қабул шуданд, муҳокима карданд ва суханони котиби давлатии ИМА Марко Рубио, ки гӯё гуфт дар Анкориҷ ягон созише ба даст наомадааст, беасос хонд."Трамп... изҳор дошт, ки метавонад аз созише, ки дар Анкориҷ ба даст омадаанд, даст кашад, ки мувофиқи онҳо ИМА талаботи Русияро барои назорати Донбасс ҳамчун як қисми ҳама гуна созишҳо қабул кардааст", - изҳор доштааст ин нашрия.Як мақомдор, ки бо Axios суҳбат кардааст ва аз ифшои номаш худдорӣ намудааст, гуфт, ки Трамп гӯё дар бораи фишор овардан ба Русия суҳбат дорад, аммо дигар роҳбарон "бовар надоранд, ки ӯ дар ин бора коре хоҳад кард".Рӯзи панҷшанбе сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Маскав, мутаассифона, як "дуршавӣ"-и муайянеро аз ҷониби як тараф аз натиҷаҳои мулоқоти Аляска, ки то ҳол амалӣ нашудааст, мушоҳида мекунад.Тобистони соли 2025, президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд, ки дар он роҳбарон роҳҳои ҳалли низои Украинаро баррасӣ карданд. Пас аз нишаст, президенти Русия изҳор дошт, ки ҳалли низоъ дар Украина имконпазир аст.
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/57403
украина
има
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/10/1078333542_285:0:3016:2048_1920x0_80_0_0_6132d59c919803dd4acbd2ac895b4297.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, амалиёти вижа, доналд трамп, има, сиёсат , русия, музокирот
украина, амалиёти вижа, доналд трамп, има, сиёсат , русия, музокирот
Axios: Трамп метавонад аз созишҳои Анкориҷ даст кашад
Нашрияи амрикоии Axios навиштааст, ки раисҷумҳури ИМА Донад Трамп изҳор дошт, ки метавонад аз созишномаи Анкориҷ даст кашад
ДУШАНБЕ, 28 июн - Sputnik. Нашрияи Axios дар истинод ба манбаъҳо хабар медиҳад, ки президенти ИМА Доналд Трамп гӯё изҳор дошт, ки метавонад аз созишҳое, ки бо Русия дар Аляска ба даст омадаанд, ки контроли Русия бар Донбассро дар бар мегирифтанд, даст кашад.
Рӯзи ҷумъа вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки дар нишасти Аляска президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп пешниҳодҳои Вашингтонро дар бораи Украина, ки аз ҷониби Русия қабул шуданд, муҳокима карданд ва суханони котиби давлатии ИМА Марко Рубио, ки гӯё гуфт дар Анкориҷ ягон созише ба даст наомадааст, беасос хонд.
"Трамп... изҳор дошт, ки метавонад аз созише, ки дар Анкориҷ ба даст омадаанд, даст кашад, ки мувофиқи онҳо ИМА талаботи Русияро барои назорати Донбасс ҳамчун як қисми ҳама гуна созишҳо қабул кардааст", - изҳор доштааст ин нашрия.
Як мақомдор, ки бо Axios суҳбат кардааст ва аз ифшои номаш худдорӣ намудааст, гуфт, ки Трамп гӯё дар бораи фишор овардан ба Русия суҳбат дорад, аммо дигар роҳбарон "бовар надоранд, ки ӯ дар ин бора коре хоҳад кард".
Рӯзи панҷшанбе сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳор дошт, ки Маскав, мутаассифона, як "дуршавӣ"-и муайянеро аз ҷониби як тараф аз натиҷаҳои мулоқоти Аляска, ки то ҳол амалӣ нашудааст, мушоҳида мекунад.
Тобистони соли 2025, президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Доналд Трамп дар Анкориҷ музокирот анҷом доданд, ки дар он роҳбарон роҳҳои ҳалли низои Украинаро баррасӣ карданд. Пас аз нишаст, президенти Русия изҳор дошт, ки ҳалли низоъ дар Украина имконпазир аст.