https://sputnik.tj/20260626/rahmon-tojikon-ruzi-vahdati-milli-tabrik-1078608254.html
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфт
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ТоҷикистонРӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, раисҷумҳури кишвар ҳамаишаҳрвандон ваҳамватанони хориҷиро табрикгуфт
2026-06-26T14:22+0500
2026-06-26T14:22+0500
2026-06-26T14:22+0500
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
ваҳдати миллӣ
рӯзи ваҳдати миллӣ
паёми табрикотӣ
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602378_0:85:2048:1238_1920x0_80_0_0_eb36e1e819ef98af79f7acd109f053d4.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллииро яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ донист.Вай дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн табрик кард ва таъкид кард, ки имрӯз барои Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.Вай афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барои тоҷикон рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишвар мебошад.Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кард, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид.Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.Раҳбари кишвар дар паёмаш қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорад, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва то имкон диҳад ба мардуми тоҷик ва давлат баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.Вай илова кард, ки насли имрӯза бояд арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорад.“Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.Дар Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ, ки соли 1997 ҳосил шуда буд, ёдовар мешавад.Маҳз ҳамин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома дошт, хотима гузошт.
https://sputnik.tj/20251124/rustami-emomali-manfiathoi-millat-davlat-himoya-1073201170.html
https://t.me/Sputnik_Tajikistan/53715
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/1a/1078602378_88:0:1908:1365_1920x0_80_0_0_0ff42295c51251ea612fec187111358e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ваҳдати миллӣ, рӯзи ваҳдати миллӣ, паёми табрикотӣ, раисҷумҳур
дар тоҷикистон, эмомалӣ раҳмон, ваҳдати миллӣ, рӯзи ваҳдати миллӣ, паёми табрикотӣ, раисҷумҳур
Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи Ваҳдати Миллӣ табрик гуфт
Дар Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад, раисҷумҳури кишвар ҳамаишаҳрвандон ваҳамватанони хориҷиро табрикгуфт
ДУШАНБЕ, 26 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Рӯзи Ваҳдати миллииро яке аз бузургтарин дастовардҳои миллати тоҷик дар даврони истиқлоли давлатӣ донист.
Вай дар паёми табрикотиаш ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ тамоми мардуми Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори ин ҷашн табрик кард ва таъкид кард, ки имрӯз барои Тоҷикистон ва мардуми сулҳпарвари ҷаҳон рӯзи таърихӣ ва хотирмон мебошад.
Вай афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ, барои тоҷикон рамзи пирӯзии сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва кафолати рушди бесобиқаи кишвар мебошад.
“Рӯзи ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷикон санаи воқеан сарнавиштсози баҳамоиву сарҷамъии миллати тоҷик ва расидан ба сулҳу суботи пойдор мебошад”, - гуфт ӯ.
Вай илова кард, ки мардуми Тоҷикистон арзиши бебаҳои неъмати сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмиро замоне дарк кард, ки мухолифатҳои шадиди сиёсӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронид.
Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд, ки хишти аввали бинои сулҳу ваҳдати миллӣ дар Иҷлосияи 16-уми таърихиву тақдирсози Шӯрои Олии кишвар гузошта шуда буд.
“Маҳз ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар кишварамон заминаи боэътимоди ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистони тозаистиқлол гузошта шуд”, гуфт ӯ.
Раҳбари кишвар дар паёмаш қайд кард, ки имрӯз Тоҷикистон ба хотири бунёди ҷомеаи сифатан наве талош дорад, ки ба талаботи замонаи пешрафту дигаргуниҳо ҷавобгӯ бошад ва то имкон диҳад ба мардуми тоҷик ва давлат баробари ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон қадам гузоранд ва пеш раванд.
Вай илова кард, ки насли имрӯза бояд арзишҳои сулҳ, таҳаммулгароӣ, фарҳанги муколама ва эҳтиром ба гуногунрангиро ба наслҳои ҷавон мерос гузорад.
“Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он сулҳу суботи комил, амният ва некуаҳволии инсон барои солҳои зиёд таъмин гардад”, - афзуд кишвардори Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон 29-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мешавад.
Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҷумҳурӣ, ки соли 1997 ҳосил шуда буд, ёдовар мешавад.
Маҳз ҳамин санад ба ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ, ки аз соли 1992 то соли 1997 идома дошт, хотима гузошт.