КҲФ: Ҷасади мушовири раис ёфт шуд, ҷӯстуҷӯи ҷасади раиси ВМКБ ва хонаводааш идома дорад

© Foto / Пресс-служба КЧС ТаджикистанаПоиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж.
Поиски тела главы ГБАО Алишера Мирзонабота в реке Пяндж. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.06.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои маҳаллӣ гузориш доданд, ки ҷасади раиси ВМКБ ёфт шудааст, вале КҲФ ин гузоришро бепоя хонд
ДУШАНБЕ, 27 июн - Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ҷасади рӯзи 26 июн аз дарёи Панҷ ёфтшуда, мушовири раиси ВМКБ аст.
Ҷасад тақрибан 20 километр поёнтар аз ҷойи ҳодиса ёфт шудааст, хабар дод сухангӯи КҲФ Ориф Нозимиён ба Sputnik Тоҷикистон.

Кофтукоби ҷасади раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ва аҳли хонаводааш идома дорад, афзуд манбаъ.

Ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аксари расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки ҷасади раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ёфт шудааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда расман гузоришҳои расонаҳоро бепоя хонд ва таъкид кард, ки то гузаронида экспертиза аз гузоришҳои бардурӯғ худдорӣ кунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 25 июн наҷотдиҳандагон ҷасади ронандаи раиси Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшонро пайдо каранд.

Феълан барои ёфтани аҷсоди дигар, дар ин минтақа беш аз 200 наҷотдиҳандаи Кумита дар якҷоягӣ бо мақомоту сохторҳои дахлдор корҳои ҷустуҷӯии рӯйи обӣ ва зери обиро анҷом дода истодаанд.

Ҷустуҷӯ аз мавзеи ҳодиса то минтақаҳои гуногуни ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, минтақаи Кӯлоб ва дигар мавзеҳо ҷараён дорад.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 17 июн дар паи садамаи нақлиётӣ мошини раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ба дарё сарозер шуд. Дар дохили он ҳамроҳи раис ҳамсар, духтарча ва ронандаю ёвараш буданд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Андуҳи Раҳмон аз ҳалокати Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот
Лентаи хабарҳо
0