Бонки АвруОсиёии Рушд барои сохтмони НБО Роғун 30 миллион доллар ҷудо мекунад

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.06.2026
Обуна шудан
Бонки АвруОсиё Рушд барои суръат бахшидан ба рушди бахши энержӣ, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва логистии Тоҷикистон маблағ ҷудо мекунад
ДУШАНБЕ, 26 июн – Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) ният дорад, ки барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун маблағ ҷудо намояд.
Николай Подгузов, мудири кулли БАОР, изҳор дошт, ки ҳаҷми маблағгузорӣ метавонад ба 30 миллион доллар бирасад.

"Соли гузашта консорсиум барои анҷом додани сохтмони НБО Роғун, ки аз Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Рушди Исломӣ, Фонди Кувайт ва Бонки Рушди Осиё иборат аст, ташкил карда шуд. Мо саҳми худро дар ин консорсиум 30 миллион доллар муайян кардем, ки онро ният дорем ба ихтиёри Тоҷикистон гузорем", - гуфт ӯ.

Подгузов дар бораи лоиҳаҳои ояндаи БАОР то соли 2031 сухан гуфта, қайд кард, ки онҳо ба суръат бахшидан ба рушди бахши энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва логистика нигаронида мешаванд.
"Мо барои ин мақсадҳо чандсад миллион доллар ҷудо мекунем", - гуфт роҳбари Бонки АвруОсиёии рушд.
Ҷаласаи солона ва форуми тиҷоратии Бонки АвруОсиёии Рушд рӯзҳои 25-26 июн дар Алмаато баргузор шуд.
Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Маълум шуд дар соли 2025 барои сохтмони НБО “Роғун” чӣ қадар пул масраф шудааст
Ёдовар мешавем, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз шуда буд, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани кор чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас борҳо ба таъхир гузошта шуд.
Пас аз ин ҷумҳурӣ соли 2008 ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун"-ро бо сармояи 116 млн сомонӣ роҳандозӣ кард ва эълон намуд, ки нерӯгоҳро бо сармояи худаш месозад. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд ва корҳо оғоз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0