Маълум шуд дар соли 2025 барои сохтмони НБО “Роғун” чӣ қадар пул масраф шудааст

Рогунская ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2026
Обуна шудан
Ба иттилои ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2025 истеҳсоли қувваи барқ дар НБО “Роғун”нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Дар маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони НБО “Роғун”, ки ахиран дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид, таъкид карда шуд, ки ҳукумати кишвар ҳамасола дар буҷети давлатӣ барои сохтмони НБО “Роғун” маблағҳои заруриро пешбинӣ менамояд.
Сарвазири кишвар таъкид кард, ки танҳо соли сипаришуда барои идомаи корҳои сохтмонии Неругоҳ ҳукумат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 8,2 миллиард сомонӣ равона намудааст.
Қоҳир Расулзода қайд кард, ки бунёдгарони НБО "Роғун" соли 2025-ро бо дастовардҳои назаррас ва таърихӣ ҷамъбаст карданд.
“Яке аз дастовардҳои муҳими соли сипаришуда оғози корҳои сохтмонӣ ва иҷрои онҳо то тамғаи 1116 метр аз сатҳи баҳр дар минтақаи ядрои сарбанди асосӣ мебошад. Амалӣ гардидани корҳои мазкур имкон дод, ки сатҳи оби обанбори НБО "Роғун" то тамғаи 1100 метр аз сатҳи баҳр пур карда шавад”, - гуфт сарвазрири кишвар.
Строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2026
Тоҷикистон чораҳои амнияти кибернетикиро дар НБО Роғун тақвият медиҳад
Ҳамчунин вай афзуд, ки бо назардошти баланд шудани сатҳи оби обанбори НБО "Роғун" дар соли 2025 истеҳсоли қувваи барқ низ нисбат ба солҳои қаблӣ зиёд гардид.
“Соли гузашта истеҳсоли қувваи барқ дар Неругоҳ беш аз 1,6 миллиард килловат/соатро ташкил кард, ки нисбат ба соли 2024-ум 400 миллион килловат/соат зиёд мебошад”, - гуфт Расулзода.
Сарвазир илова кард, ки ҳукумати кишвар барои сари вақт маблағгузорӣ кардани сохтмони НБО “Роғун” бо як қатор созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судмандро барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок ба роҳ мондааст.
Лентаи хабарҳо
0