Ҳомиёни ҳуқуқи инсони Тоҷикистону Қирғизистон ҳамкориҳо тақвият мебахшанд

© Foto / Уполномоченный по правам человека Республики ТаджикистанВстреча омбудсменов республики Таджикистан и Кыргызской Республики.
Встреча омбудсменов республики Таджикистан и Кыргызской Республики. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2026
Обуна шудан
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 23 июн – Sputnik.Байни Ваколатдор и ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Ақиқатчӣ (Омбудсмени)-и Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ваколатдор и ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон хабар додааст.
Тба иттилои манбаъ, Ёдошти тафоҳум имрӯз дар дораи Вохӯрии машваратии ниҳодҳои миллии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки таҳти раёсати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, ба имзо расид.
Ҷонибҳо дар вохӯрӣ доир ба ҳамкорӣ дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон, мубодилаи таҷрибаи пешқадам, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон ва густариши робитаҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки рушди ҳамкорӣ байни ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсони ду давлат барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, такмили механизмҳои баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва пешбурди арзишҳои умумибашарии ҳуқуқи инсон аҳамияти муҳим дорад.
Встреча министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далера Джума с министром энергетики Республики Кыргызстан Алтынбеком Рысбековым.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаҳои энергетикии "CASA-1000" ва REMIT-ро баррасӣ карданд
Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода таъкид кард, ки Ёдошти тафуҳум заминаи ҳуқуқиро барои густариши ҳамкорӣ дар самтҳои мубодилаи иттилоот ва таҷриба, баргузории чорабиниҳои муштарак, таҳқиқоти соҳавӣ, такмили иқтидори касбӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар масъалаҳои марбут ба ҳифзи ҳуқуқи инсон фароҳам меорад.
Ҳамчнин ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дӯстона ба хотири таъмини беҳтари ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҳар ду кишвар изҳор намуданд.
Лентаи хабарҳо
0