Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаҳои энергетикии "CASA-1000" ва REMIT-ро баррасӣ карданд

© Foto / Министерство энергетики и водных ресурсов республики ТаджикистанВстреча министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далера Джума с министром энергетики Республики Кыргызстан Алтынбеком Рысбековым.
Встреча министра энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далера Джума с министром энергетики Республики Кыргызстан Алтынбеком Рысбековым.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2026
Обуна шудан
Тоҷикистону Қирғизистон лоиҳаи бозори минтақавии неруи барқ ва савдои барқ дар Осиёи Марказиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 19 июн - Sputnik. Ҳамкориҳо дар бахши энергетика миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар Далер Ҷумъа бо ҳамтои қирғизаш Алтинбек Рисбеков баррасӣ шуд.
Дар ин бора вазорати эжнергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни суҳбат вазирон сатҳи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000", лоиҳаи REMIT (бозори минтақавии неруи барқ ва савдои барқ дар Осиёи Марказӣ), табодули таҷрибаи мутахассисон, истифодаи таҷрибаи Тоҷикистон дар бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар масъалаҳои соҳавӣ табодули афкор намуданд.
 Встреча Председателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан Файзали Идизода с Председателем Жогорку Кенеш Кыргызской Республики Марленом Маматалиевым. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2026
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд ҳамкориҳои байнипарлумониро густариш диҳанд
Вазирони ду кишвар дар бораи таҳкими муносибатҳоро барои таъмини амнияти энергетикӣ, рушди бозори минтақавии неруи барқ ва истифодаи имкониятҳои мавҷудаи энергетикии кишварҳо таъкид намуд.
Ҳарду ҷониб омодагии худро барои идомаи муколамаи созанда ва густариши ҳамкориҳои минбаъда изҳор карданд.
Лентаи хабарҳо
0