https://sputnik.tj/20260622/malum-shud-vakolat-mirzonabotro-ijro-1078490494.html
Ваколатҳои Мирзонаботро кӣ иҷро мекунад?
Ваколатҳои Мирзонаботро кӣ иҷро мекунад?
Sputnik Тоҷикистон
То таъйини раиси нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши Шарифхон Сафарзода, муовини якуми ӯ гузаштааст
2026-06-22T17:49+0500
2026-06-22T17:49+0500
2026-06-22T23:05+0500
дар тоҷикистон
вмкб
алишер мирзонабот
бадахшон
вазифа
иҷрокунандаи вазифа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078488778_449:667:1653:1344_1920x0_80_0_0_e0fd5b6e7fd9f54effae08195b8e2539.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Пас аз марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.Қарори мазкур дар "Рӯзномаи Бадахшон" нашр гардидааст.Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд.Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо зану як кӯдакаш ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн дар дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару фарзанди хурдсолаш, ёвар ва ронандааш, то кунун идома дорад.Ба иттилои ВКД сабаби ҳодиса “суръати баланди ҳаракат” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда гуфта шудааст.Таҳқиқи қазия таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.
https://sputnik.tj/20260617/anduhi-rahmon-halokati-raisi-vmkb-alisher-mirzonabot-1078360798.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/16/1078488778_334:535:1669:1536_1920x0_80_0_0_589e47cfd2aafd00e0d1794e7b213fae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, вмкб, алишер мирзонабот, бадахшон, вазифа, иҷрокунандаи вазифа
дар тоҷикистон, вмкб, алишер мирзонабот, бадахшон, вазифа, иҷрокунандаи вазифа
Ваколатҳои Мирзонаботро кӣ иҷро мекунад?
17:49 22.06.2026 (Навсозишуда: 23:05 22.06.2026) То таъйини раиси нави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иҷрои вазифаҳои ӯ ба дӯши Шарифхон Сафарзода, муовини якуми ӯ гузаштааст
ДУШАНБЕ, 22 июн - Sputnik. Пас аз марги ногаҳонии Алишер Мирзонабот, иҷрои вазифаҳои раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ) ба уҳдаи муовини аввали раиси вилоят Шарифхон Сафарзода гузошта шудааст.
Номи Сафарзода зери қароре дар бораи "даъвати Иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи вилоят" ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ дарҷ ёфтааст.
Қарори мазкур дар "Рӯзномаи Бадахшон" нашр гардидааст.
Шарифхон Сафарзода аз соли 2023 дар мақоми муовини аввали раиси вилоят кор мекард. Пеш аз он раиси ноҳияи Варзоб буд.
Дар ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе ҳам кор кардааст.
Мошини Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо зану як кӯдакаш ва ёвару ронандааш рӯзи 17-уми июн дар дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шуд.
Ба иттилои КҲФ Тоҷикистон ҷустуҷӯи ҷасади Алишер Мирзонабот ва ҳамсару фарзанди хурдсолаш, ёвар ва ронандааш, то кунун идома дорад.
Ба иттилои ВКД сабаби ҳодиса “суръати баланди ҳаракат” ва “аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани” ронанда гуфта шудааст.
Таҳқиқи қазия таҳти назорати бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон қарор дорад.
Алишер Мирзонабот, ки дар гузашта дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон кор кардааст, 46-сола буд ва аз соли 2021 идораи вилояти Бадахшонро бар уҳда дошт.