Тоҷикистон аз тавофуқи сулҳи Эрону ИМА истиқбол кард

© Foto / Пресс-служба президента Таджикистана Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.
 Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2026
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбарони се кишвар Эрон, ИМА ва Покистон барқияи табрикӣ равон кард
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Эрон, Амрико ва Покистонро бино бар имзои тавофуқномаи сулҳ табрик гуфт.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Раҳбари Тоҷикистон дар ба Масъуд Пизишкиён ва Доналд Трамп ҳамтоёни эронӣ ва амрикоиаш ба муносибати дастёбияшон ба созиши сулҳ номаи табрикотӣ ирсол кард.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар номае алоҳида аз Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон барои талошҳояш дар миёнҷигарӣ ва ҳалли ҷанг аз ин кишвар изҳори сипос кардааст.
Дар номааш ба ҳамтои эрониаш раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, ки дастрасӣ ба ин созиши муҳим барои миллати Эрон осон набуд.
“Бовар дорам, ки мувофиқаҳои дар ин зимн ҳосилшуда барои таъмини сулҳи устувор ва фарогир дар Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид ҷиҳати рушди иқтисодиву иҷтимоии пойдор аҳаммияти калидӣ доранд”, - гуфт Раҳмон.
Раҳбари Тоҷикистон қайд кардааст, ки Тоҷикистон аз имзои ин тавофуқнома истиқбол менамояд.
Вай афзуд, ки Тоҷикистон ба ҳамкориҳои судманди минбаъда ва тақвияти робитаҳои дӯстона умед мебандад.
Cозишномаи пешакии сулҳи ИМА ва Эрон чиро дар бар мегирад? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2026
Cозишномаи пешакии сулҳи ИМА ва Эрон чиро дар бар мегирад?
Дар номаи дигар ба президенти ИМА Доналд Трамп раисҷумҳури Тоҷикистон имзои тавофуқномаи сулҳ миёни Амрико ва Эронро “рӯйдоди воқеан ҳам муҳим” хонад, онро “маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайваста”-и раисҷумҳури Амрико донистааст.
“Ин рӯйдоди воқеан ҳам муҳим, ки маҳсули иродаи матин ва заҳматҳои пайвастаи Шумо мебошад, барои истиқрори сулҳу суботи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, ҳамчунин, таҳкими низоми амнияти ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, ҷиҳати роҳандозии иқдомҳои нави сулҳмоез дар ин ҷода заминаҳои мусоиди устуворро фароҳам меорад”, - зикр кардааст президенти кишвар.
Дар номае, ки ба номи сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф кишвардори Тоҷикистон гуфтааст, ки “мувофиқаҳои дар зимн ҳосилшуда, бешубҳа, барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, заминаҳои устуворро барои иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода фароҳам меоранд”.
“Мо талошҳои хастанопазир ва иродаи қавии Шуморо дар ҳалли ин масъалаи ҳассос баланд арзёбӣ мекунем. Мувофиқаҳои дар зимн ҳосилшуда, бешубҳа, барои таъмини сулҳи фарогир дар минтақаи Ховари Миёна, таҳкими низоми амнияти байналмилалӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аҳаммияти калидӣ дошта, заминаҳои устуворро барои иқдомҳои нави сулҳомез дар ин ҷода фароҳам меоранд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикотии худ ба унвони сарвазири Покистон.
Грузовые контейнеры во Владивостокском морском торговом порту. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Эрон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ тавассути Тоҷикистон густариш медиҳад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Масъуд Пизишкиён ва Доналд Трамп тавофуқнома сулҳро имзо карданд. Санади имзошуда аз 14 банд иборат мебошад.
Ҳамчунин, ду тараф расман матни ин тафоҳумномаро нашр карданд. Трамп ин санадро шаби гузашта дар Фаронса ва Пизишкиён субҳи имрӯз онро дар Эрон ба имзо расонидааст.
Лентаи хабарҳо
0