Эрон тиҷоратро бо кишварҳои ИДМ тавассути Тоҷикистон густариш медиҳад

© AP / Leo CorreaРазгрузка контейнеров в порту. Иллюстративное фото
Разгрузка контейнеров в порту. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2026
Обуна шудан
Мақомоти Эрон рушди муносибатҳои тиҷоратиро бо Тоҷикистон ҳамчун замина барои ҳузури васеътари содиркунандагони ин кишвар дар бозорҳои минтақавӣ арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik. Мудири кулли ширкати намоишгоҳҳои байналмилалии Форс Муҳсин Наҳовандӣ, ахиран дар нишасти ширкати намоишгоҳҳои байналмилалии устони Форс аз баргузории дувумин ҳамоиши тахассусӣ “тавсеаи содирот ва воридот бо кишварҳои ИДМ бо меҳварияти Тоҷикистон" дар Шероз хабар дод ва онро гоми муосир дар гуногунрангсозии самтҳои тиҷоратии устон арзёбӣ кард.
“Ин конфронс бо ҳузури як гурӯҳ содиркунандагон, воридкунандагон ва тоҷирон аз устони Форс, бо коршиносони Созмони рушди тиҷорати Эрон ва Палатаи муштараки тиҷорати Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд ва дар он монеаҳо ва имкониятҳои тиҷоратӣ, ки ба Тоҷикистон нигаронида шудаанд, баррасӣ шуданд”, - изҳор дошт ӯ.
Наҳовандӣ бо ишора ба шабоҳатҳои фарҳангӣ, забонӣ ва таърихӣ байни Эрону Тоҷикистон афзуд, саҳми устони Форс дар тиҷорати бо Тоҷикистон то ҳол хеле кам буд ва дар ин ҷаласа самтҳои рушди содироти молҳои ғайринафтӣ аз Форс, аз ҷумла саноати нафт, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва қолинҳои дастбоф бо равиши махсус баррасӣ шуд.
Здание МИД Таджикистана в Душанбе, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2026
Вазъ дар Ховари Миёна: Хабарҳои ахир
Истиқболи Тоҷикистон аз тавоффуқи оташбас миёни ИМА ва Эрон
Мудири кулли ширкати намоишгоҳҳои байналмилалии Форс идома дод, Тоҷикистон кишварест, ки бо Эрон забон ва фарҳанги як дорад ва ин кишвар метавонад дарвозае ба сӯйи дигар кишварҳои минтақаи АвруОсиё бошад.
Дар конфронс зарурати истифодаи иқтидори бозории 80 миллион нафар аҳолии кишварҳои ИДМ таъкид шудааст.
Наҳовандӣ аз нақши намоишгоҳҳо ва рушди зерсохтори нақлиёти роҳи оҳан ва автомобилӣ ҳамчун платформаи асосии рушди тиҷорат бо Тоҷикистон таъкид кард.
Вай таъкид кард, ки бояд барои фиристодани ҳайатҳои тиҷоратӣ аз устони Форс ва иштироки тоҷирони тоҷик дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ дар Шероз барои эҷоди муносибатҳои тиҷоратӣ замина сохта шавад.
Лентаи хабарҳо
0