https://sputnik.tj/20260618/justuju-jasadi-raisi-vmkb-paydo-nashudaast-1078381064.html
Ҷустуҷӯ идома дорад: Ҷасади раиси ВМКБ ҳанӯз пайдо нашудааст
Ҷустуҷӯ идома дорад: Ҷасади раиси ВМКБ ҳанӯз пайдо нашудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҷасадҳои Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳанӯз пайдо нашудаанд
2026-06-18T18:41+0500
2026-06-18T18:41+0500
2026-06-18T18:41+0500
дар тоҷикистон
садама
кҳф
ҷустуҷӯ
алишер мирзонабот
вмкб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075262399_0:163:2048:1316_1920x0_80_0_0_1c507e9469c207871f5dc501ab07499b.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Ориф Низомиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар дод.Ба гуфтаи Низомиён, наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома хоҳанд дод.Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.
https://sputnik.tj/20260617/anduhi-rahmon-halokati-raisi-vmkb-alisher-mirzonabot-1078360798.html
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/02/0d/1075262399_0:0:2048:1536_1920x0_80_0_0_76d2bca5e1717ecf96d40a0584160e0a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, садама, кҳф, ҷустуҷӯ, алишер мирзонабот, вмкб
дар тоҷикистон, садама, кҳф, ҷустуҷӯ, алишер мирзонабот, вмкб
Ҷустуҷӯ идома дорад: Ҷасади раиси ВМКБ ҳанӯз пайдо нашудааст
Ҷасадҳои Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) ҳанӯз пайдо нашудаанд
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Ориф Низомиён, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар хабар дод.
“Ҷасадҳои Алишер Мирзонабот, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамсар, духтар, ёвар ва ронандаи ӯ ҳанӯз пайдо нашудаанд. Амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот дар маконе, ки худрави Мирзонабот ба дарёи Панҷ афтодааст, идома дорад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Низомиён, наҷотдиҳандагон ҷустуҷӯро идома хоҳанд дод.
Ёдовар мешавем, ки мошини хидматии, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ки дар он худаш, ҳамсару як кӯдакаш низ буд, ҳангоми бозгашт аз Душанбе ба ВМКБ дар мавзеи Яхчи Сори ноҳияи Дарвоз ба дарё сарзер шуд.
Ба иттилои ВКД, ҳодиса соати 10:40 имрӯз, 17-уми июн рух дода, мошине, ки ҳомили раиси вилоят буд, “бо суръати баланд ҳаракат карда” дар киллометри 282-юми шоҳроҳи “Душанбе-Хоруғ”, дар байни деҳаҳои Зиғар ва Яхчисори ноҳияи Дарвоз ба садама дучор шудааст.
“Бинобар суръати баланд воситаи нақлиёт ба иншоотҳои муҳандисӣ-сарҳадӣ бархӯрда, ду сутунпоя ва симхорро зер карда, ба дарёи Панҷ сарозер мешавад”, - хабар додааст ВКД.
ВКД илова кардааст, ки дар дохили автомашинаи хизматӣ Раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ, ёрдамчии охирин Ҷанобилшоев Садоншо, ҳамсар ва фарзанди хурдсоли раиси вилоят низ қарор доштанд.
Қайд карда шудааст, ки таҳқиқи қазияи мазкур таҳти назорати бевоситаи раисҷумҳури кишвар қарор дорад.
Ёдовар мешавекм, ки Алишер Мирзонабот, ки ҳамзамон муовини раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон аст, дирӯз, 16-уми июн дар ҷаласаи навбатии ин ниҳоди қонунгузор ширкат дошт.
Алишер Мирзонабот 46-сола аст ва аз соли 2021 раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Пеш аз он раиси шаҳри Хоруғ ва то соли 2018 муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон буд.