Тоҷикистон чораҳои амнияти кибернетикиро дар НБО Роғун тақвият медиҳад

© SputnikСтроительство Рогунской ГЭС
Строительство Рогунской ГЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2026
Обуна шудан
Дар форуми "Рӯзи инноватсия дар Остона 2026" санаде дар бораи ҳифзи инфрасохтор бо истифода аз зеҳни сунъӣ имзо шуд
ДУШАНБЕ, 13 апр – Sputnik. Тоҷикистон барои тақвияти амнияти киберӣ дар системаҳои идоракунии нерӯгоҳи барқи обии Роғун чораҳо меандешад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти ҶСК TGEM хабар дод.
Қайд карда мешавад, ки дар форуми "Рӯзи инноватсия дар Остона 2026" санаде дар бораи ҳифзи инфрасохтори IT-и ширкат бо истифода аз зеҳни сунъӣ имзо шудааст.
Дар ин чорабинӣ, ширкати ватании TGEM бо ширкати Palo Alto Networks дар ҳузури ноиби президенти минтақавии он, Ведат Тюфекчи ва бо ширкати Ayon Smart Solution дар ҳузури директори генералии он, Абубакр Бобоев, ёддошти шарикӣ имзо кард.
Хадамоти матбуот таъкид кард, ки ин шарикӣ ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли амнияти кибернетикиро осон мекунад, истифодаи системаҳоро барои ошкор ва пешгирии ҳамлаҳои ҳакерӣ имкон медиҳад ва иншооти муҳимро барои муқобала бл чунин таҳдидҳо устувортар мекунад. Ғайр аз ин, ин ташаббус кори устувори системаи энергетикии НБО Роғунро таъмин мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ хонум Тсзоу Ҷиайи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.02.2026
Сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" ва навсозии "Норак": Мулоқоти Раҳмон бо раҳбари бонки Осиё
Ширкат афзуд, ки имзои ин ҳуҷҷат оғози кор дар самти эҷоди система барои таъмини амнияти кибернетикии иншооти TGEM, аз ҷумла онҳое, ки ба инфрасохтори нерӯгоҳи барқи обӣ алоқаманданд, мебошад.
Ёдовар мешавем, ки сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун (НБО) дар дарёи Вахш соли 1987 оғоз шуда буд, аммо лоиҳа дар солҳои 1990 бинобар фурӯпошии ИҶШС ва ҷанги шаҳрвандӣ ба таъхир афтод.
Аз аввали солҳои 2000-ум инҷониб аз нав оғоз кардани кор чандин маротиба баррасӣ шуда буд, аммо бо сабаби сармоягузории назаррас борҳо ба таъхир гузошта шуд.
Пас аз ин ҷумҳурӣ соли 2008 ҷамъияти саҳҳомии кушодаи "Нерӯгоҳи барқи обии Роғун"-ро бо сармояи 116 млн сомонӣ роҳандозӣ кард ва эълон намуд, ки нерӯгоҳро бо сармояи худаш месозад. Соли 2009 ҳадди ин сармоя ба 6 млрд сомонӣ расонида шуд ва корҳо оғоз гардиданд.
Лентаи хабарҳо
0