Рустами Эмомалӣ: Тоҷикистон ба рушди муносибот бо Русия таваҷҷӯҳи хос медиҳад

© Foto / Пресс-служба Рустама ЭмомалиЧетвертая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва.
Четвертая сессия Маджлиси милли Маджлиси Оли Республики Таджикистан седьмого созыва. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.06.2026
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ ҳамтои русаш Вячеслав Володинро ба Рӯзи Русия табрик намуд
ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Раиси Маҷлими миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володинро бо ҷашни давлатии Русия муборакбод гуфт.
Дар ин бора, дафтари матбуотии шаҳрдор гузориш додааст.
Рустами Эмомалӣ дар номааш гуфтааст, ки Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона, шарикии стратегӣ ва ҳамкории байнипарламентӣ бо Русия таваҷҷӯҳи хос медиҳад.
"Итминон дорам, ки муколамаи парламентӣ байни кишварҳоямон ба манфиати мардумони бо ҳам дӯсти мо пайваста тақвият хоҳад ёфт",- гуфтааст раиси Маҷлиси миллии ҶТ.
Ӯ ба раиси Думаи давлатӣ муваффақият ва ба ба мардуми Русия сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно кардааст.
Ҳамасола 12 июн чун Рӯзи Русия таҷлил мегардад ва ягона ҷашни давлатӣ мебошад, ки ба тобистон рост меояд.
Заглушка к инфографике Праздничные и выходные дни в России в ноябре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2024
Тақвими кору истироҳат дар моҳи июн дар Русия
То соли 2002 Рӯзи Русия ҳамчун рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии кишвар маълум буд, ки маҳз 12 июни соли 1990 пазируфта шудаст.
Рӯзи 25 майи соли 1991 Анҷумани вакилони халқи Русияи шӯравӣ 12 июнро рӯзи ғайрикорӣ эълон кард. Он яке аз ҷавонтарин идҳои давлатӣ дар Русия ба шумор меравад. Тафсилоти кору таътил дар Русия тайи моҳи июн дар тасвирбаён ироа шудааст.
Лентаи хабарҳо
0