Тақвими кору истироҳат дар моҳи июн дар Русия

Обуна шудан
Моҳи июн дар Русия танҳо 19 рӯз корӣ буда, муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон низ баробари дигар кормандон дар кишвар метавонанд 11 рӯз истироҳат кунанд
Рӯзи ғайрикорӣ дар моҳи июн на танҳо рӯзҳои истироҳатии анъанавӣ, балки ҷашни расмии давлатӣ - Рӯзи Русия низ ҳаст, ки 12 июн таҷлил мешавад.
Дар давоми ҳафтаи кории панҷрӯза рӯзҳои истироҳатии муқаррарӣ 1-2 июн, 8-9 июн, 15-16 июн, 22-23 июн ва 29—30 июн хоҳанд буд.
Ҳамчунин рӯзи чоршанбеи 12 июн Рӯзи Русия таҷлил мегардад ва қабл он рӯзи кӯтоҳи корӣ хоҳад буд.
Дар маҷмӯъ, дар моҳи июни соли 2024 ба 30 рӯзи тақвимӣ 11 рӯзи ғайрикорӣ рост меояд. Ҳамин тариқ, 19 рӯзи корӣ вуҷуд дорад.
Топ-5 осоишгоҳ дар Тоҷикистон: тобистонро дар куҷо мешавад гузаронд?
Ҳамасола дар 12 июн чун Рӯзи Русия таҷлил мегардад ва ягона ҷашни давлатӣ мебошад, ки ба тобистон рост меояд.
То соли 2002 Рӯзи Русия ҳамчун рӯзи қабули Эъломияи соҳибихтиёрии давлатии кишвар маълум буд, ки маҳз 12 июни соли 1990 пазируфта шудаст.
Рӯзи 25 майи соли 1991 Анҷумани вакилони халқи Русияи шӯравӣ 12 июнро рӯзи ғайрикорӣ эълон кард. Он яке аз ҷавонтарин идҳои давлатӣ дар Русия ба шумор меравад. Тафсилоти кору таътил дар Русия тайи моҳи июн дар тасвирбаён ироа шудааст.
Лентаи хабарҳо
0