https://sputnik.tj/20260611/tojik-afghon-nuktai-jolib-avvalin-vazir-maorif-tojikiston-1078243573.html
“Тоҷик ё афғон?” Нуктаи ҷолибе дар бораи аввалин вазири маорифи Тоҷикистон
“Тоҷик ё афғон?” Нуктаи ҷолибе дар бораи аввалин вазири маорифи Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Муҳаққиқи покистонӣ бар ин назар аст, ки Нисор Муҳаммад, аввалин вазири маорифи Тоҷикистон, эҳтимол дорад, тоҷик бошад, на афғон
2026-06-11T18:20+0500
2026-06-11T18:20+0500
2026-06-11T18:57+0500
маориф
дар тоҷикистон
афғонистон
вазир
зиндагинома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078227733_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_9c6c0fc71ecc0f9aa418ea6f9603561f.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чанд ҳафтаи охир баҳс дар бораи миллияти Нисор Муҳаммад давом дорад.Чунин гуфта мешавад, ки Нисор Муҳаммад аз тоҷикони Покистон ва ҳам “асосгузори” Тоҷикистон аст. Аммо муҳаққиқони тоҷик мегӯянд, ки қатъан чунин буда наметавонад, чун Тоҷикистон соли 1924 поягузорӣ шуда, на соли 1927, ки Нисор Муҳаммад вазири маориф буд.Баҳси миллияти Нисор Муҳаммад дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон замоне шуруъ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон хоки оромгоҳи ду Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махдум – ва ҳам вазири маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскои Маскав овард.Қуттиҳо бо хок аз оромгоҳи қаҳрамонон шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе пешвоз гирифт, ки пас аз он маросими рамзии видоъ дар пойтахт баргузор шуд ва маросими дубораи дафн дар қабристони нухбагони миллат дар маҳаллаи Лучоби Душанбе баргузор шуд.Тоҷик, афғон ё паштун?Худи Нисор Муҳаммад ошкоро эътироф мекунад, ки афғон ё паштун аст ва дигарон ҳам ӯро чунин мешиносанд, аммо дар ҳақиқат наметавон бо итминон дар бораи решаҳои қавмии воқеии ӯ гуфт, иброз дошт ба Sputnik Тоҷикистон муҳаққиқи тоҷиктабори покистонӣ Ориф Ҳасан Охундзода.“Вай мутааллиқ ба қарияи Зайда, вулусволии Савобӣ — вилояти Хайбар Пахтунхоҳ (он замон Вилояти Сарҳади Шимолу Ғарбӣ ё NWFP) аст, минтақае, ки худро пуштун медонад, аммо баҳс ин ҷост, ки ин сарзамин дар гузашта сирфан ба тоҷикон тааллуқ дошт ва сокинони имрӯзиаш ҳама тоҷикони паштуншудаанд”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.Вай афзуд, сухан аз Салтанати Свот, маъруф бо «Свад-Габр» ё “Паҳлӣ Саркор” — як минтақаи таърихӣ ва собиқ шоҳигарӣ дар водии дарёи Свот, шимоли вилояти Хайбар-Пахтунхваи имрӯза меравад, ки давлати сирфан тоҷикии қабилаҳои габарӣ бо аҳолии суннатии тоҷик ё деҳқонҳову форсизабонҳо буд ва аз соли 1190 то 1519 вуҷуд дошт.Поёни салтанатро сарлашкар ва асосгузори Империяи Муғулҳо, Заҳируддин Бобур гузошт, ки худ аз авлоди Амир Темур ва Чингизхон буд.“Заҳируддин Бобур барои даст ёфтан ба тахти Ҳинд аз пуштунҳои юсуфзойӣ низ кӯмак хост ва онҳо аз ӯ тахти Свотро талаб карданд. Бобур ин шартро пазируфт, салтанатро тасарруф кард ва дар паи ин созиш подшоҳии 330-солаи тоҷикони Свот сарнагун шуд”, - мегӯяд муҳаққиқи покистонӣ.Ба қавли ӯ, Свот бо номи “Давлати шоҳзоданишини Свот” ё “Давлати Юсуфзайи Свот”, яке аз 565 давлати худгардон ё шоҳзоданишини Тоҷи Бритониё, соли 1915 эҳё шуд ва то 1969 давом овард.“Ин шоҳзоданишинҳо тобеъи тоҷи Бритониё на, балки подшоҳиҳои нимахудмухтори тобеъи тоҷи Бритониё буданд. Пас аз тақсими Ҳинди Бритониё, волии Свот санади илҳоқ ба Покистонро имзо кард”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.Ба қавли ӯ, соли 1897, замоне, ки Нисор Муҳаммад ба дунё омад, водии Свот бо Читролу Дир дар Агентии Малоканд, як воҳиди маъмурии дигари Ҳинди Бритониё, ки аз соли 1895 то 1915 давом овард, қарор дошт. “Нисор Муҳаммад худро як афғони “манданр” аз қабилаи юсуфзойӣ муаррифӣ мекунад. Қарияи Зайда дар вулусволии Свобии дараи Пешовар, як минтақаи сарсабз, ки имрӯз маркази қабилаи манданр аз афғонҳои юсуфзай аст”, - афзуд муҳаққиқ.Ба қавли Охундзода, ҳувияти расмии Нисор Муҳаммад як пуштун аз тоифаи айюбхели шохаи абохели манданр аст, Ҳоло сокинони бумӣ - тоҷикони пуштуншуда, ки ба номи ғолихел шинохта мешаванд, онҷо сукунат доранд.“Ғолихелҳо дар бахшҳои Свобӣ, ҳатто дар Кунару Боҷавур ва ҳамчунин Мансеҳра зиндагӣ мекунанд. Инҳо тоҷикони шохаи митравии свотӣ ҳастанд, ки дар подшоҳии Свот зиндагӣ мекарданд ва дар миёни юсуфзайҳо ва дигар қабилаҳои пуштун - монанди муҳмандҳо, салорзайҳо ва усмонхелҳо ва ғайра -, ки бар манотиқи онҳо чира шуданд, ҳазм шудаанд ва ҳоло худро пуштун-афғон муаррифӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.Охунзода мегӯяд, худи ӯ низ як Охундзодаи митравӣ аст, ки бо ҳувияти зоҳирии “мӯҳманд” муаррифӣ мешавад.“Бубинед, модари ман инглис аст. Агар ба модар гирем, замони модарии ман инглисӣ бояд бошад, аммо ман ба пашту бузург шудаам ва беҳтар аз ҳар забон бо пашту суҳбат мекунам, аммо чӣ мекунед, ки банда паштун нестам, ба шаҷара, ба хуну ҳафт пушт тоҷик ҳастам. Як навъи мутафовити паштун ва ҳам як навъи мутафовити тоҷик”, - мегӯяд муҳаққиқи покистонӣ.Оё Нисор Муҳаммад аз ҳамин навъ паштуну аз ҳамин навъ тоҷик буд ё шояд тоҷики асил, ки ҷои дигаре дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на, балки Тоҷикистон рафт, ё фиристода шуд. Метавонист ба манотиқи туркнишин, руснишин ё Қафқоз равад, аммо тарҷеҳ дод бо тоҷикон бимонад.Ӯ худро афғон эълон мекунад, аз қавми юсуфзай, аммо он гуна ки Охундзода мефармояд, метавонад тоҷик ҳам бошад, чун дар қаламрави тоҷикон ба дунё омад, аммо ҳамаи ҳарфҳо беҳудаанд, магар ин ки таҳқиқи генетикӣ шавад.Ин даъво ҳам поя надорад, ки мавсуф нахустин вазири маорифи Тоҷикистон буд, чун қабл аз ӯ Аббос Алиев, зодаи Бухоро ин вазифаро ба дӯш дошт.Нисор Муҳаммад, вазири маориф буд, ҳатто ду давра: солҳои 1927-1929 дар Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва 1930-32 дар Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20260519/makhsum-shotemur-poyaguzoron-davlatdori-navin-tojikonand-1077652626.html
https://sputnik.tj/20260604/rasht-osorkhonai-nusratullo-makhsum-1078038916.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/0b/1078227733_272:0:1712:1080_1920x0_80_0_0_6b335747cceba2ed1732cebe4d8c8867.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, афғонистон, вазир, зиндагинома
маориф, дар тоҷикистон, афғонистон, вазир, зиндагинома
“Тоҷик ё афғон?” Нуктаи ҷолибе дар бораи аввалин вазири маорифи Тоҷикистон
18:20 11.06.2026 (Навсозишуда: 18:57 11.06.2026) Эксклюзив
Муҳаққиқи покистонӣ бар ин назар аст, ки Нисор Муҳаммад, аввалин вазири маорифи Тоҷикистон, эҳтимол дорад, тоҷик бошад, на афғон
ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон чанд ҳафтаи охир баҳс дар бораи миллияти Нисор Муҳаммад давом дорад.
Чунин гуфта мешавад, ки Нисор Муҳаммад аз тоҷикони Покистон ва ҳам “асосгузори” Тоҷикистон аст. Аммо муҳаққиқони тоҷик мегӯянд, ки қатъан чунин буда наметавонад, чун Тоҷикистон соли 1924 поягузорӣ шуда, на соли 1927, ки Нисор Муҳаммад вазири маориф буд.
Баҳси миллияти Нисор Муҳаммад дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистону Афғонистон замоне шуруъ шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон хоки оромгоҳи ду Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махдум – ва ҳам вазири маорифи Тоҷикистон Нисор Муҳаммадро аз оромгоҳи Донскои Маскав овард.
Қуттиҳо бо хок аз оромгоҳи қаҳрамонон шахсан президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе пешвоз гирифт, ки пас аз он маросими рамзии видоъ дар пойтахт баргузор шуд ва маросими дубораи дафн дар қабристони нухбагони миллат дар маҳаллаи Лучоби Душанбе баргузор шуд.
Худи Нисор Муҳаммад ошкоро эътироф мекунад, ки афғон ё паштун аст ва дигарон ҳам ӯро чунин мешиносанд, аммо дар ҳақиқат наметавон бо итминон дар бораи решаҳои қавмии воқеии ӯ гуфт, иброз дошт ба
Sputnik Тоҷикистон муҳаққиқи тоҷиктабори покистонӣ Ориф Ҳасан Охундзода.
“Вай мутааллиқ ба қарияи Зайда, вулусволии Савобӣ — вилояти Хайбар Пахтунхоҳ (он замон Вилояти Сарҳади Шимолу Ғарбӣ ё NWFP) аст, минтақае, ки худро пуштун медонад, аммо баҳс ин ҷост, ки ин сарзамин дар гузашта сирфан ба тоҷикон тааллуқ дошт ва сокинони имрӯзиаш ҳама тоҷикони паштуншудаанд”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.
Вай афзуд, сухан аз Салтанати Свот, маъруф бо «Свад-Габр» ё “Паҳлӣ Саркор” — як минтақаи таърихӣ ва собиқ шоҳигарӣ дар водии дарёи Свот, шимоли вилояти Хайбар-Пахтунхваи имрӯза меравад, ки давлати сирфан тоҷикии қабилаҳои габарӣ бо аҳолии суннатии тоҷик ё деҳқонҳову форсизабонҳо буд ва аз соли 1190 то 1519 вуҷуд дошт.
Поёни салтанатро сарлашкар ва асосгузори Империяи Муғулҳо, Заҳируддин Бобур гузошт, ки худ аз авлоди Амир Темур ва Чингизхон буд.
“Заҳируддин Бобур барои даст ёфтан ба тахти Ҳинд аз пуштунҳои юсуфзойӣ низ кӯмак хост ва онҳо аз ӯ тахти Свотро талаб карданд. Бобур ин шартро пазируфт, салтанатро тасарруф кард ва дар паи ин созиш подшоҳии 330-солаи тоҷикони Свот сарнагун шуд”, - мегӯяд муҳаққиқи покистонӣ.
Ба қавли ӯ, Свот бо номи “Давлати шоҳзоданишини Свот” ё “Давлати Юсуфзайи Свот”, яке аз 565 давлати худгардон ё шоҳзоданишини Тоҷи Бритониё, соли 1915 эҳё шуд ва то 1969 давом овард.
“Ин шоҳзоданишинҳо тобеъи тоҷи Бритониё на, балки подшоҳиҳои нимахудмухтори тобеъи тоҷи Бритониё буданд. Пас аз тақсими Ҳинди Бритониё, волии Свот санади илҳоқ ба Покистонро имзо кард”, - гуфт Ориф Ҳасан Охундзода.
Ба қавли ӯ, соли 1897, замоне, ки Нисор Муҳаммад ба дунё омад, водии Свот бо Читролу Дир дар Агентии Малоканд, як воҳиди маъмурии дигари Ҳинди Бритониё, ки аз соли 1895 то 1915 давом овард, қарор дошт.
“Нисор Муҳаммад худро як афғони “манданр” аз қабилаи юсуфзойӣ муаррифӣ мекунад. Қарияи Зайда дар вулусволии Свобии дараи Пешовар, як минтақаи сарсабз, ки имрӯз маркази қабилаи манданр аз афғонҳои юсуфзай аст”, - афзуд муҳаққиқ.
Ба қавли Охундзода, ҳувияти расмии Нисор Муҳаммад як пуштун аз тоифаи айюбхели шохаи абохели манданр аст, Ҳоло сокинони бумӣ - тоҷикони пуштуншуда, ки ба номи ғолихел шинохта мешаванд, онҷо сукунат доранд.
“Ғолихелҳо дар бахшҳои Свобӣ, ҳатто дар Кунару Боҷавур ва ҳамчунин Мансеҳра зиндагӣ мекунанд. Инҳо тоҷикони шохаи митравии свотӣ ҳастанд, ки дар подшоҳии Свот зиндагӣ мекарданд ва дар миёни юсуфзайҳо ва дигар қабилаҳои пуштун - монанди муҳмандҳо, салорзайҳо ва усмонхелҳо ва ғайра -, ки бар манотиқи онҳо чира шуданд, ҳазм шудаанд ва ҳоло худро пуштун-афғон муаррифӣ мекунанд”, - афзуд ӯ.
Охунзода мегӯяд, худи ӯ низ як Охундзодаи митравӣ аст, ки бо ҳувияти зоҳирии “мӯҳманд” муаррифӣ мешавад.
“Бубинед, модари ман инглис аст. Агар ба модар гирем, замони модарии ман инглисӣ бояд бошад, аммо ман ба пашту бузург шудаам ва беҳтар аз ҳар забон бо пашту суҳбат мекунам, аммо чӣ мекунед, ки банда паштун нестам, ба шаҷара, ба хуну ҳафт пушт тоҷик ҳастам. Як навъи мутафовити паштун ва ҳам як навъи мутафовити тоҷик”, - мегӯяд муҳаққиқи покистонӣ.
Оё Нисор Муҳаммад аз ҳамин навъ паштуну аз ҳамин навъ тоҷик буд ё шояд тоҷики асил, ки ҷои дигаре дар Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ на, балки Тоҷикистон рафт, ё фиристода шуд. Метавонист ба манотиқи туркнишин, руснишин ё Қафқоз равад, аммо тарҷеҳ дод бо тоҷикон бимонад.
Ӯ худро афғон эълон мекунад, аз қавми юсуфзай, аммо он гуна ки Охундзода мефармояд, метавонад тоҷик ҳам бошад, чун дар қаламрави тоҷикон ба дунё омад, аммо ҳамаи ҳарфҳо беҳудаанд, магар ин ки таҳқиқи генетикӣ шавад.
Ин даъво ҳам поя надорад, ки мавсуф нахустин вазири маорифи Тоҷикистон буд, чун қабл аз ӯ Аббос Алиев, зодаи Бухоро ин вазифаро ба дӯш дошт.
Нисор Муҳаммад, вазири маориф буд, ҳатто ду давра: солҳои 1927-1929 дар Ҷумҳурии мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон ва 1930-32 дар Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон.