Раҳмон: Махсум ва Шотемур аз ҷумлаи поягузорони давлатдории навини тоҷиконанд

© Foto / Пресс-служба президента ТаджикистанаТоржественная церемония встречи капсулы с землей с места погребения таджикских героев Нусратулло Махсума, Шириншоха Шохтемура, а также Нисора Мухаммада.
Торжественная церемония встречи капсулы с землей с места погребения таджикских героев Нусратулло Махсума, Шириншоха Шохтемура, а также Нисора Мухаммада. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2026
Обуна шудан
Кишвардор гуфт, ки ин шахсиятҳо барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шахсан дар маросими истиқболи мушти хоки оромгоҳи фарзандони миллат, қаҳрамонони Тоҷикистон, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад ширкат намуд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиисҷумҳури гузориш медиҳад.
Баъди гирифтани хок, ҳайати ин маросими таърихӣ бо ҳамроҳии дастаи роҳнамои мотосиклронҳо ба сӯи Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе ҳаракат намуданд.
Пас аз маросими ҷаноза, дар оромгоҳи Лучоб маросими ба замин супоридани хоки қаҳрамонони Тоҷикистон бо риояи суннатҳои дини мубини ислом ва эҳтироми хос анҷом дода мешавад.
"Ин рӯйдоди таърихӣ ҳамчун рамзи пирӯзии ҳақиқат, эҳёи адолати таърихӣ ва гиромидошти хотираи фарзандони содиқи миллат дар саҳифаҳои таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳад гардид", - омадаатс дар хабарнома.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба хизматҳои таърихии Нусратулло Махсум, Шириншо Шотемур ва Нисор Муҳаммад дар назди қуттиҳои дорои хоки оромгоҳи онҳо бо самимияти амиқ арзи арҷу эҳтиром намуд.
Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон дар Маскав  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2026
Муҳриддин хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистонро ба Душанбе мебарад
Ӯ таъкид дошт, ки ин шахсиятҳо барои бақои миллат, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, муайянсозии ҳудудҳои маъмурӣ ва таъсиси Тоҷикистон хизматҳои мондагор анҷом додаанд.
Кунун ин қаҳрамонони миллӣ, фарзандони сарсупурдаи миллати бостонии тоҷик дар Ватани бобоии худ, Тоҷикистони азиз - кишваре, ки барояш ҷони ширини хеш нисор кардаанд, соҳиби оромгоҳи худ мешаванд.
Ин иқдом, бешак, боиси оромиши руҳу равони ин шаҳидони роҳи озодӣ гардида, барои насли имрӯзу ояндаи Тоҷикистони азиз собит менамояд, ки Ватан хизматҳои арзишманди фарзандони фидокору сарсупардаи худро ҳаргиз фаромуш намекунад, дер ҳам бошад, арҷ гузошта мешавад.
Лентаи хабарҳо
0