https://sputnik.tj/20260604/rasht-osorkhonai-nusratullo-makhsum-1078038916.html
Соҳибкорони ноҳияи Рашт ба ифтихори Нусратулло Махсум осорхона месозанд
Соҳибкорони ноҳияи Рашт ба ифтихори Нусратулло Махсум осорхона месозанд
Sputnik Тоҷикистон
Тибқи нақша осорхона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот сохта мешавад
2026-06-04T13:36+0500
2026-06-04T13:36+0500
2026-06-04T13:36+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
осорхона
нусратулло махсум
эмомалӣ раҳмон
рашт
сохта
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/04/1078042105_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_2905f83e4d65c26c457ebdcda3e7a609.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум осорхона бунёд мекунанд.Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар додааст.Гуфта мешавад, ки осорхона тибқи нақша барои истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот сохта мешавад.Макони ҷойгиршавии он шафати бинои нави ҷамоати деҳот аст.Бино аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки он рӯзҳои тантанаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.Бунёди осорхона дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт заминаи муҳим барои шиносоии насли наврас бо ин шахсияти бузурги таърих фароҳам меоварад.Бояд гуфт, ки Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, нахустин роҳбари аввали Тоҷикистон буда, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ бекигарии Қаротегин таваллуд ёфтааст.27 июни соли 2006, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.19 майи соли равон бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои бузурги миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Русия ба Ватан оварда шуд, ки ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи ҷумҳурӣ, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
https://sputnik.tj/20260519/makhsum-shotemur-poyaguzoron-davlatdori-navin-tojikonand-1077652626.html
рашт
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/06/04/1078042105_240:0:1680:1080_1920x0_80_0_0_c2c7bab6bcfb8cf2300a02f7c9bff0d2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, осорхона, нусратулло махсум, эмомалӣ раҳмон, рашт, сохта
дар тоҷикистон, фарҳанг, осорхона, нусратулло махсум, эмомалӣ раҳмон, рашт, сохта
Соҳибкорони ноҳияи Рашт ба ифтихори Нусратулло Махсум осорхона месозанд
Тибқи нақша осорхона ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 4 июн – Sputnik. Соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт барои гиромидошти хотираи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум осорхона бунёд мекунанд.
Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки осорхона тибқи нақша барои истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ ва аҳолии деҳот сохта мешавад.
Макони ҷойгиршавии он шафати бинои нави ҷамоати деҳот аст.
Бино аз ду ошёна иборат буда, дар назар аст, ки он рӯзҳои тантанаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шавад.
Бунёди осорхона дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт заминаи муҳим барои шиносоии насли наврас бо ин шахсияти бузурги таърих фароҳам меоварад.
Бояд гуфт, ки Нусратулло Махсум яке аз асосгузорони Тоҷикистони Шуравӣ, арбоби сиёсию давлатии Тоҷикистон, сиёсатмадор, нахустин роҳбари аввали Тоҷикистон буда, соли 1881 дар деҳаи Чашмаи Қозии собиқ бекигарии Қаротегин таваллуд ёфтааст.
27 июни соли 2006, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Нусратулло Махсум унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.
19 майи соли равон бо иқдоми Эмомалӣ Раҳмон қисмате аз хоки гӯри шахсиятҳои бузурги миллат Нусратулло Махсум, Шириншо Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад аз шаҳри Москваи Русия ба Ватан оварда шуд, ки ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи ҷумҳурӣ, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.