https://sputnik.tj/20260610/khonandagon-olimpiada-sohibi-46-joyi-iftikhori-1078206641.html
Хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳо соҳиби 46 медал шуданд
Хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳо соҳиби 46 медал шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд
2026-06-10T16:01+0500
2026-06-10T16:01+0500
2026-06-10T16:01+0500
маориф
дар тоҷикистон
мактаб
абдураҳмони ҷомӣ
нишони ифтихорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060067323_0:320:3072:2048_1920x0_80_0_0_d2a4fafb9b7584e298daea90908fc175.jpg
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар медиҳад.Гуфта мешавад, ки хонандагон соҳиби 2 медали "тилло", 3 медали "нуқра" 41 медали "биринҷӣ шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 медал зиёд аст. Тавре масъулини шуъбаи маорифи ноҳия иброз доштанд, омӯзгорону хонандагоне, ки ба чунин дастоварҳо ноил мешаванд, пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.Хонандагони лаёқатманди ноҳия дар маҳфилҳои фаннӣ омодагии хуб гирифта, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.Хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд.Манбаъ афзуда, ки масъулин дар давраи таътили тобистона, имрӯзҳо барои бофароғат ва босамар гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муҳим андешида, барои ҷалби онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.
https://sputnik.tj/20251215/khonandagon-tojikiston-olimpiada-baynalmilali-51-medal-1073799560.html
абдураҳмони ҷомӣ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/0a/14/1060067323_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_28039e7b10656a96ae1a87ddf824fa5a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маориф, дар тоҷикистон, мактаб, абдураҳмони ҷомӣ, нишони ифтихорӣ
маориф, дар тоҷикистон, мактаб, абдураҳмони ҷомӣ, нишони ифтихорӣ
Хонандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар олимпиадаҳо соҳиби 46 медал шуданд
Гуфта мешавад, ки хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ соҳиби 46 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар ин бора, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки хонандагон соҳиби 2 медали "тилло", 3 медали "нуқра" 41 медали "биринҷӣ шуданд, ки нисбат ба соли гузашта 30 медал зиёд аст.
Тавре масъулини шуъбаи маорифи ноҳия иброз доштанд, омӯзгорону хонандагоне, ки ба чунин дастоварҳо ноил мешаванд, пайваста аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қадрдонӣ карда мешаванд.
Хонандагони лаёқатманди ноҳия дар маҳфилҳои фаннӣ омодагии хуб гирифта, дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.
Хонандагони ноҳия ба ин дастовард дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ ва ҳамкории хуби волидайн бо мактаб ноил гардиданд.
Манбаъ афзуда, ки масъулин дар давраи таътили тобистона, имрӯзҳо барои бофароғат ва босамар гузаштани таътили тобистонаи хонандагон тадбирҳои муҳим андешида, барои ҷалби онҳо ба хондани китобҳои бадеӣ дар китобхонаҳои мактабӣ ва истироҳатгоҳҳои беруназмактабӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.