Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии риёзӣ 51 медал ба даст оварданд

© Foto / Angkor Mathematics Competition 2025Команда Таджикистана завоевала 51 медаль на международной математической олимпиаде AMC–2025
Команда Таджикистана завоевала 51 медаль на международной математической олимпиаде AMC–2025  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.12.2025
Обуна шудан
Ҳамчунин панҷ навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд
ДУШАНБЕ, 15 дек — Sputnik. Дастаи Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Ангкор (AMС–2025) аз фанни математика, 51 медал ба даст овард.
Маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибон дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид, гузориш медиҳад, Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и Вазорати маориф.
Гуфта мешавад, ки аз ин шумора:
14 медали тилло,
17 медали нуқра,
15 медали биринҷӣ мебошад.
Инчунин 5 навраси тоҷик бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд.
Дар ин олимпиада беш аз 1600 хонанда аз 13 кишвари Осиё иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо"-и Вазорати маориф Муҳаммадҷон Ғафорзода иштирок намуда, дастгирии пайвастаи Ҳукуматро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намудааст.
Международная олимпиада Infomatrix - Asia 2025 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2025
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи IT дар Остона 4 медал гирифтанд
Дастоварди дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намоянд.
Лентаи хабарҳо
0