Ғарқшавии корманди корхонаи истихроҷи тилло дар Шугнов

© Sputnik / Стас ЭтвешТонущий человек, архивное фото
Тонущий человек, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2026
Обуна шудан
Кумитаи щолатщои фавцулода аз марги як корманди корхонаи истихроыи тилои Тоыикистон хабар дод
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Ронандаи "Мехлопата" дар корхонаи истихроҷи тиллои "Ганҷи Ваҳдат" дар об ғарқ шудааст.
Дар ин бора, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
© Foto / КЧС ТаджикистанаНа золотодобывающем предприятии в Таджикистане погиб сотрудник.
На золотодобывающем предприятии в Таджикистане погиб сотрудник. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2026
Ин корхона дар ҷамоати Шугнов ҷойгир буда, бино ба гузориши манбаъ, ронанда қоидаи бехатариро риоя накардааст ва аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар об ғарқ шудааст.

Ҳодиса 9-уми июни соли ҷорӣ рух дода, мошин бо ронанда дар обанбори корхона сарозер шудааст.

Ҷасад аз об бароварда шуда, ба сохторҳои дахлдор супорида шуд, афзуд КҲФ.

Ин ниҳод бори дигар аз шаҳрвандон даъват кард, ки дар мавзеъҳои обӣ қоидаҳои бехатариро риоя намоянд.
Ин дар ҳолест, ки пештар ду мард сабаби зинда мондани ду зан шуданд, ки хоҳиши худкушӣ доштанд.
Мост через реку - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2026
Ҷустуҷӯи тилло сабаб шуд: Як нафар дар дарёи Фондарё ғарқ шуду дигаре наҷот ёфт
Раёсати ВКД қаҳрамононро қадрдонӣ кард.

Ба гузориши дафтари матбуоти ин ниҳод, рӯзи 1 июни Валиев Азимҷон ҳангоми қарор доштан дар соҳили дарёи Душанбе ҷавондухтареро мушоҳида намуд, ки бо қасди худкушӣ худро ба об партофта буд.

Номбурда бе ягон тардид ва бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ фавран ба кӯмак шитофт ва бо ҷасорату матонат тавонист ҷавондухтарро аз ғарқшавӣ ва хатари марг наҷот диҳад.

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз шаҳрванд Ваҳобов Фаридуншоҳ ҷавонзанеро, ки бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Кофарниҳон партофта буд, мушоҳида намуда, бо ҷасорату шуҷоат ва эҳсоси баланди инсонӣ ӯро аз ғарқшавӣ наҷот дод.
Лентаи хабарҳо
0