https://sputnik.tj/20260406/justujui-tillo-fondaryoi-gharq-shudu-najot-yoft-1076637791.html
Ҷустуҷӯи тилло сабаб шуд: Як нафар дар дарёи Фондарё ғарқ шуду дигаре наҷот ёфт
Ҷустуҷӯи тилло сабаб шуд: Як нафар дар дарёи Фондарё ғарқ шуду дигаре наҷот ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳудуди мавзеи оби хуиҷи дарёи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд
2026-04-06T12:23+0500
2026-04-06T12:23+0500
2026-04-06T12:30+0500
дар тоҷикистон
офати табиӣ
наҷот
ғарқ шудан
тилло
иҷтимоъ
ҳодисаи нохуш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031749673_0:1:3000:1689_1920x0_80_0_0_b31678bb96121f2e8e8829440cf298ff.jpg
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ду нафар сокини ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаи Вота, бо мақсади ҷустуҷӯи тилло ба мавзеъи хавфноки дарё рафтанд ва дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убур аз дарё, як нафари онҳо ба об афтода ғарқ гардидааст.Дар ин бора Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, як нафари дигар, ки дар тарафи дигари дарё дармонда буд, хушбахтона наҷот ёфт.Қайд гардидааст, ки наҷотдиҳандагони водии Зарафшон, он нафареро, ки дар тарафи дигари дарё дар ҳолати хатарнок қарор дошт, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба ҷои бехатар бароварда шуд.Ба иттилои КҲФ айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии шаҳрванд, ки дар дарё ғарқ шудааст идома доранд.КҲФ дар ин робита ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми наздик шудан ба дарёҳои дорои ҷараёни тези об, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.Аз ҳаммаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми пайдо гардидани ягон маълумот ба КҲФ тамос бигиранд.
https://sputnik.tj/20260404/zaminlarza-tojikobod-khf-oseb-khona-kharob-1076611070.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/11/1031749673_374:0:2626:1689_1920x0_80_0_0_72d8bf1411e3db97afc1e23e725f869d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, офати табиӣ, наҷот, ғарқ шудан, тилло, иҷтимоъ, ҳодисаи нохуш
дар тоҷикистон, офати табиӣ, наҷот, ғарқ шудан, тилло, иҷтимоъ, ҳодисаи нохуш
Ҷустуҷӯи тилло сабаб шуд: Як нафар дар дарёи Фондарё ғарқ шуду дигаре наҷот ёфт
12:23 06.04.2026 (Навсозишуда: 12:30 06.04.2026) Дар ҳудуди мавзеи оби хуиҷи дарёи Фондарёи ноҳияи Айнӣ ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Ду нафар сокини ҷамоати деҳоти Урметан, деҳаи Вота, бо мақсади ҷустуҷӯи тилло ба мавзеъи хавфноки дарё рафтанд ва дар натиҷаи риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми убур аз дарё, як нафари онҳо ба об афтода ғарқ гардидааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, як нафари дигар, ки дар тарафи дигари дарё дармонда буд, хушбахтона наҷот ёфт.
“Наҷотдиҳандагони водии Зарафшон бо ёрии таҷҳизоти махсус аз тарафи дигари дарё онро наҷот доданд”, қайд кардааст КҲФ.
Қайд гардидааст, ки наҷотдиҳандагони водии Зарафшон, он нафареро, ки дар тарафи дигари дарё дар ҳолати хатарнок қарор дошт, бо истифода аз таҷҳизоти махсус ба ҷои бехатар бароварда шуд.
Ба иттилои КҲФ айни замон корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳии шаҳрванд, ки дар дарё ғарқ шудааст идома доранд.
КҲФ дар ин робита ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки ҳангоми наздик шудан ба дарёҳои дорои ҷараёни тези об, қоидаҳои бехатариро қатъиян риоя намоянд.
Аз ҳаммаи шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми пайдо гардидани ягон маълумот ба КҲФ тамос бигиранд.