https://sputnik.tj/20260531/eron-vaziyat-gulugoh-hurmuz-misl-pesh-nakhohad-bud-1077945536.html
Трамп созишномаи сулҳ бо Эронро сахттар мекунад - NYT
Трамп созишномаи сулҳ бо Эронро сахттар мекунад - NYT
Sputnik Тоҷикистон
Трамп қаблан ду талаботи калидиро барои Эрон баён карда буд: он бояд розӣ шавад, ки ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ ё бомба надошта бошад ва бояд гулӯгоҳи Ҳурмузро боз кунад
2026-05-31T12:18+0500
2026-05-31T12:18+0500
2026-05-31T12:18+0500
эрон
има
созишнома
сиёсат
доналд трамп
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/01/1077223236_0:321:918:837_1920x0_80_0_0_4b62752e041fdb90f59f3a2c9f7f71dd.jpg
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп шартҳои сахттарро барои созишномаи эҳтимолӣ барои хотима додан ба низоъ бо Эрон пешниҳод кардааст ва тағйироти пешниҳодшударо барои баррасӣ ба Теҳрон ироа кард, хабар медиҳад рӯзномаи New York Times бо истинод ба мақомоти огоҳ. Ба гуфтаи рӯзнома, ҳанӯз маълум нест, ки кадом тағйироти мушаххас дар созишнома дохил карда шудаанд, аммо Трамп аз якчанд муқаррароте, ки озод кардани дороиҳои Эронро пешбинӣ мекунанд, нигарон аст. Як манбаъ инчунин қайд кард, ки раҳбари Кохи Сафед аз суръати сусти посухи Теҳрон ба пешниҳодҳои Вашингтон норозӣ аст. "Ин мақомдор афзуд, ки тағйироти Трамп, ки асосан як пешниҳоди нав ва сахттар аст, эҳтимолан барои суръат бахшидан ба раванд (гуфтушунид - Таҳрир) тавассути фишор овардан ба Эрон барои қабул кардани созишномаи чаҳорчӯба, ки аллакай барои тасдиқ ба раҳбари олӣ Муҷтабо Хоманаӣ пешниҳод шудааст, пешбинӣ шудаанд", - менависад рӯзнома. Расонаҳо мунтазам дар бораи созишномаи эҳтимолии сулҳ, ки ҷонибҳо чанд ҳафта боз дар бораи он баҳс мекунанд, маълумот нашр мекунанд. Тибқи гузоришҳои охирин, барномаи ҳастаии Эрон монеаи асосӣ боқӣ мемонад: Вашингтон талаб мекунад, ки тамоми ураниуми ғанишудаи дорои сифати баланд аз Ҷумҳурии Исломӣ хориҷ карда шавад, дар ҳоле ки Теҳрон бо ин розӣ нест.
https://sputnik.tj/20260525/ima-eron-kushodan-gulugoh-hurmuz-muvofiqa-vao-1077794512.html
эрон
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/01/1077223236_0:234:918:923_1920x0_80_0_0_1365236c6b8351a41bad024a450764a2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, има, созишнома, сиёсат , доналд трамп
эрон, има, созишнома, сиёсат , доналд трамп
Трамп созишномаи сулҳ бо Эронро сахттар мекунад - NYT
Трамп қаблан ду талаботи калидиро барои Эрон баён карда буд: он бояд розӣ шавад, ки ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ ё бомба надошта бошад ва бояд гулӯгоҳи Ҳурмузро боз кунад
ДУШАНБЕ, 31 май – Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп шартҳои сахттарро барои созишномаи эҳтимолӣ барои хотима додан ба низоъ бо Эрон пешниҳод кардааст ва тағйироти пешниҳодшударо барои баррасӣ ба Теҳрон ироа кард, хабар медиҳад рӯзномаи New York Times бо истинод ба мақомоти огоҳ.
Ба гуфтаи рӯзнома, ҳанӯз маълум нест, ки кадом тағйироти мушаххас дар созишнома дохил карда шудаанд, аммо Трамп аз якчанд муқаррароте, ки озод кардани дороиҳои Эронро пешбинӣ мекунанд, нигарон аст.
Як манбаъ инчунин қайд кард, ки раҳбари Кохи Сафед аз суръати сусти посухи Теҳрон ба пешниҳодҳои Вашингтон норозӣ аст.
"Ин мақомдор афзуд, ки тағйироти Трамп, ки асосан як пешниҳоди нав ва сахттар аст, эҳтимолан барои суръат бахшидан ба раванд (гуфтушунид - Таҳрир) тавассути фишор овардан ба Эрон барои қабул кардани созишномаи чаҳорчӯба, ки аллакай барои тасдиқ ба раҳбари олӣ Муҷтабо Хоманаӣ пешниҳод шудааст, пешбинӣ шудаанд", - менависад рӯзнома.
Расонаҳо мунтазам дар бораи созишномаи эҳтимолии сулҳ, ки ҷонибҳо чанд ҳафта боз дар бораи он баҳс мекунанд, маълумот нашр мекунанд.
Тибқи гузоришҳои охирин, барномаи ҳастаии Эрон монеаи асосӣ боқӣ мемонад: Вашингтон талаб мекунад, ки тамоми ураниуми ғанишудаи дорои сифати баланд аз Ҷумҳурии Исломӣ хориҷ карда шавад, дар ҳоле ки Теҳрон бо ин розӣ нест.