https://sputnik.tj/20260525/ima-eron-kushodan-gulugoh-hurmuz-muvofiqa-vao-1077794512.html
ИМА ва Эрон барои кушодани гулӯгоҳи Ҳурмуз ба мувофиқа расиданд - ВАО
ИМА ва Эрон барои кушодани гулӯгоҳи Ҳурмуз ба мувофиқа расиданд - ВАО
Sputnik Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳида барои пайгирии ҳама роҳҳои ҳалли дипломатӣ бо Эрон уҳдадор аст, гуфт Марко Рубио
2026-05-25T12:15+0500
2026-05-25T12:15+0500
2026-05-25T12:23+0500
има
эрон
музокира
созишнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077176613_0:145:3072:1873_1920x0_80_0_0_0a4bf19d4e10a86414f1de2511bfd1a0.jpg
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. ИМА ва Эрон, дар доираи як созишномаи пешакӣ, ба мувофиқа расиданд, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро дар давоми 30 рӯз пурра боз кунанд.Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Washington Post хабар медиҳад. "Пас аз имзои ёддошти тафоҳум, Эрон фавран гулӯгоҳи Ҳурмузро боз мекунад ва чораҳоеро меандешад, то ҳаракати киштиҳо дар давоми 30 рӯз ба шароити пеш аз ҷанг баргардад", - менависад манбаъ. Ҳамзамон Washington Post иддао дорад, ки ИМА ва Эрон пешакӣ ба мувофиқа расиданд, ки оташбасро барои 60 рӯз тамдид кунанд, то ҳалли ниҳоии онро ба даст оранд. Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида имкони хубе барои расидан ба созиши муваққатӣ бо Эрон дар масъалаи ҳастаӣ дорад. "Ҳоло як пешниҳоди хеле хуб барои ворид шудан ба музокироти ҳастаӣ бо мӯҳлати маҳдуд дар рӯи миз аст ва ман умедворам, ки мо метавонем ба он бирасем",- гуфт Рубио, хабар дод Рейтер.Иёлоти Муттаҳида пеш аз муроҷиат ба алтернативаҳо, ба пайгирии ҳама роҳҳои ҳалли дипломатӣ бо Эрон уҳдадор аст, афзуд ӯ.Котиби давлатӣ гуфт, ки ИМА пеш аз муроҷиат ба алтернативаҳо, ба дипломатия ҳама имкониятҳоро барои муваффақ шудан медиҳад.
https://sputnik.tj/20260524/ima-eron-yoddosht-tafohum-60-ruzaro-imzo-tafsilot-sozishnoma-1077778281.html
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/04/1d/1077176613_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_619db09b10cfb5c8b56e606302b2e442.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има, эрон, музокира, созишнома
има, эрон, музокира, созишнома
ИМА ва Эрон барои кушодани гулӯгоҳи Ҳурмуз ба мувофиқа расиданд - ВАО
12:15 25.05.2026 (Навсозишуда: 12:23 25.05.2026) Иёлоти Муттаҳида барои пайгирии ҳама роҳҳои ҳалли дипломатӣ бо Эрон уҳдадор аст, гуфт Марко Рубио
ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. ИМА ва Эрон, дар доираи як созишномаи пешакӣ, ба мувофиқа расиданд, ки гулӯгоҳи Ҳурмузро дар давоми 30 рӯз пурра боз кунанд.
Дар ин бора РИА "Новости" бо истинод ба Washington Post хабар медиҳад.
"Пас аз имзои ёддошти тафоҳум, Эрон фавран гулӯгоҳи Ҳурмузро боз мекунад ва чораҳоеро меандешад, то ҳаракати киштиҳо дар давоми 30 рӯз ба шароити пеш аз ҷанг баргардад", - менависад манбаъ.
Ҳамзамон Washington Post иддао дорад, ки ИМА ва Эрон пешакӣ ба мувофиқа расиданд, ки оташбасро барои 60 рӯз тамдид кунанд, то ҳалли ниҳоии онро ба даст оранд.
"ИМА ва Эрон як ёддошти чаҳорчӯбаи тафоҳумро таҳия кардаанд, ки оташбасро барои 60 рӯз тамдид мекунад", - менависад нашрия.
Дар ҳамин ҳол, котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Иёлоти Муттаҳида имкони хубе барои расидан ба созиши муваққатӣ бо Эрон дар масъалаи ҳастаӣ дорад.
"Ҳоло як пешниҳоди хеле хуб барои ворид шудан ба музокироти ҳастаӣ бо мӯҳлати маҳдуд дар рӯи миз аст ва ман умедворам, ки мо метавонем ба он бирасем",- гуфт Рубио, хабар дод Рейтер.
Иёлоти Муттаҳида пеш аз муроҷиат ба алтернативаҳо, ба пайгирии ҳама роҳҳои ҳалли дипломатӣ бо Эрон уҳдадор аст, афзуд ӯ.
Котиби давлатӣ гуфт, ки ИМА пеш аз муроҷиат ба алтернативаҳо, ба дипломатия ҳама имкониятҳоро барои муваффақ шудан медиҳад.