https://sputnik.tj/20260527/ruzhoi-farhangi-rusiya-tojikiston-boshukuh-oghoz-1077861466.html
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бошукуҳ оғоз гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бошукуҳ оғоз гардиданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон, Олга Любимова ва Матлубахон Сатториён, дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Душанбе ширкат варзиданд
2026-05-27T19:49+0500
2026-05-27T19:49+0500
2026-05-27T19:49+0500
видео
дар тоҷикистон
русия
рӯзҳои фарҳангӣ
душанбе
консерт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077860883_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_1906e61eee1757063ddc16196336a7e1.jpg
Маросими ифтитоҳ Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" дар Душанбе баргузор шуд.Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Матлубахон Сатториён ва Олга Любимова пеш аз консерт суханронӣ карданд."Тоҷикистон ба рушд ва тақвияти пайвастаи ҳамкориҳои башардӯстона бо Русия аҳамияти хоса медиҳад. Муносибатҳои мо бар асоси хотираи амиқи таърихӣ, солҳои тӯлонии ҳамкории пурсамар ва фаҳмиши муштарак асос ёфтаанд, ки фарҳанг яке аз пояҳои муҳими муколамаи устувори байнидавлатӣ мебошад", - гуфт Сатториён.Вай қайд кард, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегии байни ду кишварро тасдиқ мекунанд.Дар Маскав хотири Мирзо Турсунзодаро гиромӣ доштандБа гуфтаи вазири рус Олга Любимова, Рӯзҳои фарҳанг аз дӯстии ва наздики байни мардуми Русия ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад."Имрӯз мо бори дигар мебинем, ки дӯстии байни мардуми Русия ва Тоҷикистон, наздикӣ ва пайвастагии фарҳангҳои мо ганҷи воқеӣ, як нерӯи муҳими эҷодӣ аст, ки қодир ба тақвияти эътимод, ҳифзи хотираи муштараки таърихӣ ва кушодани имкониятҳои нав барои рушди ҳамкорӣ аст", - таъкид кард вай.Дар толори маҷмаа намоишгоҳе бахшида ба нақши Қазон ва минтақаи Волга кушода шуд. Нашрияҳои нодир, инчунин аксҳо ва расмҳое, ки ҳаёти минтақаи пеш аз инқилобии Волгаро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон инчунин бо гулдӯзӣ ва либосҳои тоторӣ шинос шуданд.Галузин: Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ астДар саҳнаи Кохи Борбад ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания Алексей Татаринтсев, ҳунарманди шоистаи Русия Мариям Мерабова, солисти театри Болшой Венера Гимадиева, ғолиби мавсими сеюми намоиши телевизионии "Голос" Александра Воробёва, виолончелнавоз ва ғайра ҳунарнамоӣ карданд. Консертро Оркестри фонограф-симфония-ҷаз таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқии Русия Сергей Жилин ва гурӯҳи балетии "Тодес"-и Алла Духова ҳамроҳӣ мекарданд.Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 26 то 28 май дар ду шаҳри кишвар - Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешаванд.
русия
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077860883_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_b05b78ab117499986353628e5e77a4a8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
видео, дар тоҷикистон, русия, рӯзҳои фарҳангӣ, душанбе, консерт, видео
видео, дар тоҷикистон, русия, рӯзҳои фарҳангӣ, душанбе, консерт, видео
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон бошукуҳ оғоз гардиданд
Вазирони фарҳанги Русия ва Тоҷикистон, Олга Любимова ва Матлубахон Сатториён, дар ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Душанбе ширкат варзиданд
Маросими ифтитоҳ Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар Маҷмааи давлатии "Кохи Борбад" дар Душанбе баргузор шуд.
Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Русия Матлубахон Сатториён ва Олга Любимова пеш аз консерт суханронӣ карданд.
"Тоҷикистон ба рушд ва тақвияти пайвастаи ҳамкориҳои башардӯстона бо Русия аҳамияти хоса медиҳад. Муносибатҳои мо бар асоси хотираи амиқи таърихӣ, солҳои тӯлонии ҳамкории пурсамар ва фаҳмиши муштарак асос ёфтаанд, ки фарҳанг яке аз пояҳои муҳими муколамаи устувори байнидавлатӣ мебошад", - гуфт Сатториён.
Вай қайд кард, ки Рӯзҳои фарҳанги Русия анъанаҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегии байни ду кишварро тасдиқ мекунанд.
Ба гуфтаи вазири рус Олга Любимова, Рӯзҳои фарҳанг аз дӯстии ва наздики байни мардуми Русия ва Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
"Имрӯз мо бори дигар мебинем, ки дӯстии байни мардуми Русия ва Тоҷикистон, наздикӣ ва пайвастагии фарҳангҳои мо ганҷи воқеӣ, як нерӯи муҳими эҷодӣ аст, ки қодир ба тақвияти эътимод, ҳифзи хотираи муштараки таърихӣ ва кушодани имкониятҳои нав барои рушди ҳамкорӣ аст", - таъкид кард вай.
Дар толори маҷмаа намоишгоҳе бахшида ба нақши Қазон ва минтақаи Волга кушода шуд. Нашрияҳои нодир, инчунин аксҳо ва расмҳое, ки ҳаёти минтақаи пеш аз инқилобии Волгаро тасвир мекунанд, ба намоиш гузошта шуданд. Меҳмонон инчунин бо гулдӯзӣ ва либосҳои тоторӣ шинос шуданд.
Дар саҳнаи Кохи Борбад ҳунарманди халқии Ҷумҳурии Осетияи Шимолӣ-Алания Алексей Татаринтсев, ҳунарманди шоистаи Русия Мариям Мерабова, солисти театри Болшой Венера Гимадиева, ғолиби мавсими сеюми намоиши телевизионии "Голос" Александра Воробёва, виолончелнавоз ва ғайра ҳунарнамоӣ карданд. Консертро Оркестри фонограф-симфония-ҷаз таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқии Русия Сергей Жилин ва гурӯҳи балетии "Тодес"-и Алла Духова ҳамроҳӣ мекарданд.
Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон аз 26 то 28 май дар ду шаҳри кишвар - Душанбе ва Хуҷанд баргузор мешаванд.