https://sputnik.tj/20260519/galuzin-tojikiston-shariki-boetimod-rusiya-osiyoi-markazi-1077639309.html
Галузин: Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ аст
Галузин: Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ аст
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки Тоҷикистон дар пешбурди формати нави ҳамкории Русия ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад
2026-05-19T09:36+0500
2026-05-19T09:36+0500
2026-05-19T12:04+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
русия
шарики асосӣ
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652824_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_805d30852dda0ca9d0c87d58fba768f2.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин гуфт, ки Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ аст.Вай қайд кард, ки Тоҷикистон дар пешбурди формати нави ҳамкории Русия ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад.Ёдовар мешавем, ки формати Русия ва Осиёи Марказӣ механизми ҳамкории Русия ва панҷ кишвари минтақа: Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон мебошад.Ҳамчунин дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин гуфт, ки Маскав ва Душанбе бо ҳифзи мероси муштараки худ метавонанд заминаро барои рушди шарикии стратегӣ байни ду кишвар фароҳам созанд."Ман итминон дорам, ки танҳо бо ҳифзи мероси муштараки худ мо метавонем заминаи мустаҳкамеро барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии худ, иттиҳоди худ таъмин кунем ва ман итминон дорам, ки мо онро таъмин хоҳем кард", - гуфт Галузин.Вай қайд кард, ки бо назардошти вазъи кунунии ҷанг алайҳи ёдгориҳои замони Шӯравӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ёдгорӣ барои интиқоли анъанаҳои ватандӯстона ба ҷавонон зарур аст.
https://sputnik.tj/20260518/muhriddin-khok-mahalli-dafn-qahramononi-tojikiston-tojikiston-1077638576.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/13/1077652824_150:0:1050:675_1920x0_80_0_0_29c3e38ce9b16a16cf269e5a2338dd99.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, сиёсат , ҳамкорӣ, русия, шарики асосӣ, осиёи марказӣ
дар тоҷикистон, сиёсат , ҳамкорӣ, русия, шарики асосӣ, осиёи марказӣ
Галузин: Тоҷикистон шарики боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ аст
09:36 19.05.2026 (Навсозишуда: 12:04 19.05.2026) Муовини вазири корҳои хориҷаи Русия мегӯяд, ки Тоҷикистон дар пешбурди формати нави ҳамкории Русия ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад
ДУШАНБЕ, 19 май - Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин гуфт, ки Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимоди Русия дар Осиёи Марказӣ аст.
"Тоҷикистон яке аз шарикони калидӣ ва боэътимоди мо дар Осиёи Марказӣ аст", - гуфт Галузин ба хабарнигорон дар маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нисор Муҳаммад дар Маскав.
Вай қайд кард, ки Тоҷикистон дар пешбурди формати нави ҳамкории Русия ва Осиёи Марказӣ нақши муҳим дорад.
"Муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон рӯ ба афзоиш аст. Онҳо дурнамои мусбаттарин доранд", - таъкид кард дипломати рус.
Ёдовар мешавем, ки формати Русия ва Осиёи Марказӣ механизми ҳамкории Русия ва панҷ кишвари минтақа: Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Туркманистон мебошад.
Ҳамчунин дар ин маросим муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин гуфт, ки Маскав ва Душанбе бо ҳифзи мероси муштараки худ метавонанд заминаро барои рушди шарикии стратегӣ байни ду кишвар фароҳам созанд.
"Ман итминон дорам, ки танҳо бо ҳифзи мероси муштараки худ мо метавонем заминаи мустаҳкамеро барои рушди минбаъдаи шарикии стратегии худ, иттиҳоди худ таъмин кунем ва ман итминон дорам, ки мо онро таъмин хоҳем кард", - гуфт Галузин.
Вай қайд кард, ки бо назардошти вазъи кунунии ҷанг алайҳи ёдгориҳои замони Шӯравӣ, густариши ҳамкорӣ дар соҳаи ёдгорӣ барои интиқоли анъанаҳои ватандӯстона ба ҷавонон зарур аст.