https://sputnik.tj/20260527/maskav-khotiri-mirzo-tursunzodaro-giromi-doshtand-1077841513.html
Дар Маскав хотири Мирзо Турсунзодаро гиромӣ доштанд
Дар Маскав хотири Мирзо Турсунзодаро гиромӣ доштанд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Маскав донишҷӯён, олимон ва коршиносон аз шоири тоҷик Мирзо Турсунзода ёд карданд
2026-05-27T11:41+0500
2026-05-27T11:41+0500
2026-05-27T11:56+0500
фарҳанг
дар тоҷикистон
маскав
мирзо турсунзода
шоир
гиромидошт
русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077848824_20:0:1252:693_1920x0_80_0_0_680be208f4fe5cabcbdf63b04f31b788.jpg
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба 115-солагии Шоири мардумӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода анҷумани пуршукуҳ баргузор гардид.Дар чорабинии фарҳангӣ қироати шеър ва маводи бойгонӣ ба намоиш гузошта шуданд.Бино бар иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ зиёиён, аҳли эҷод, сардорони намояндагиҳои дипломатии муқими Русия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон ширкат варзиданд."Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба гузаштаи муштараки мо бахшида мешаванд, барои мо хеле муҳиманд. Вақте ки ман бо эҷодиёти Мирзо Турсунзода ошно шудам, фаҳмидам, ки ӯ дар ҳама асарҳояш, дар ҳама шеърҳояш аз дӯстӣ сухан мегуфт. Албатта, барои мардуми шӯравӣ дар он замон ин хеле муҳим буд. Имрӯз ҳам муҳим аст, ки дар бораи дӯстӣ сӯҳбат кунем ва пулҳои дӯстиро байни кишварҳои мо, байни ҷумҳуриҳои мо тақвият диҳем", - гуфт Меҳрубон Содиқова, мушовири директори Хонаи миллатҳои Русия, ки дар он инчорабинӣ баргузор шуд.Тавре ки Каримҷон Салимзода, раиси Кумитаи ВАО-и Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, таъкид кард, ҷашни солгарди шоир дар Маскав дар доираи Соли ваҳдати халқҳои Русия, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин эълон шудааст, баргузор шуд.Вай қайд кард, ки "созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия ҳар моҳ чунин чорабиниҳои бузургро барои ошноии нақши мардуми тоҷик дар Русия,баргузор мекунанд".Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар асоси мероси бойи адабии М.Турсунзода таҳия гардидааст.Донишҷӯёни рус аз Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ашъори ӯро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд, инчунин санъаткорон сурудҳоро аз эҷодиёти ин шоири бузурги халқи тоҷик иҷро карданд.Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ низ ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз гурӯҳи рақсии ансамбли “Санам”, суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд."Шеърҳои Турсунзода дар бораи сулҳ, дӯстии байни миллатҳо, муҳаббат ба ватан ва садоқат ба ормонҳои инсондӯстӣ имрӯз ҳам мисли ним аср пеш муҳиманд. Ҷашни 115-солагии шоири бузург танҳо эҳтиром нест; ин ёдраскунии қудрати ифодаи бадеӣ аст, ки ба манфиати инсоният нигаронида шудааст", - таъкид кард Муртазо Бобобеков, котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Русия.,Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.Бояд гуфт, ки имсол дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад.Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар — дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни Мирзо Турсунзода доир мегарданд ва пажуҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.
https://sputnik.tj/20260518/muhriddin-khok-mahalli-dafn-qahramononi-tojikiston-tojikiston-1077638576.html
маскав
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/1b/1077848824_0:0:1272:954_1920x0_80_0_0_a9cbb435fcc8083309e5d990fccb91fd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фарҳанг, дар тоҷикистон, маскав, мирзо турсунзода, шоир, гиромидошт, русия
фарҳанг, дар тоҷикистон, маскав, мирзо турсунзода, шоир, гиромидошт, русия
Дар Маскав хотири Мирзо Турсунзодаро гиромӣ доштанд
11:41 27.05.2026 (Навсозишуда: 11:56 27.05.2026) Ба хотири гиромидошти шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар пойтахти Русия анҷумани пуршукуҳ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Дар Маскав бахшида ба 115-солагии Шоири мардумӣ, Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода анҷумани пуршукуҳ баргузор гардид.
Дар чорабинии фарҳангӣ қироати шеър ва маводи бойгонӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин чорабинӣ зиёиён, аҳли эҷод, сардорони намояндагиҳои дипломатии муқими Русия, устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Русия, инчунин намояндагони диаспораи тоҷикон ширкат варзиданд.
"Чунин чорабиниҳои фарҳангӣ, ки ба гузаштаи муштараки мо бахшида мешаванд, барои мо хеле муҳиманд. Вақте ки ман бо эҷодиёти Мирзо Турсунзода ошно шудам, фаҳмидам, ки ӯ дар ҳама асарҳояш, дар ҳама шеърҳояш аз дӯстӣ сухан мегуфт. Албатта, барои мардуми шӯравӣ дар он замон ин хеле муҳим буд. Имрӯз ҳам муҳим аст, ки дар бораи дӯстӣ сӯҳбат кунем ва пулҳои дӯстиро байни кишварҳои мо, байни ҷумҳуриҳои мо тақвият диҳем", - гуфт Меҳрубон Содиқова, мушовири директори Хонаи миллатҳои Русия, ки дар он инчорабинӣ баргузор шуд.
Тавре ки Каримҷон Салимзода, раиси Кумитаи ВАО-и Шӯрои ҷамъиятии сафорати Тоҷикистон дар Русия, таъкид кард, ҷашни солгарди шоир дар Маскав дар доираи Соли ваҳдати халқҳои Русия, ки аз ҷониби президенти Русия Владимир Путин эълон шудааст, баргузор шуд.
Вай қайд кард, ки "созмонҳои ҷамъиятии тоҷикон дар Русия ҳар моҳ чунин чорабиниҳои бузургро барои ошноии нақши мардуми тоҷик дар Русия,баргузор мекунанд".
Ба меҳмонон барномаи фарҳангӣ пешкаш карда шуд, ки дар асоси мероси бойи адабии М.Турсунзода таҳия гардидааст.
Донишҷӯёни рус аз Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав ашъори ӯро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат карданд, инчунин санъаткорон сурудҳоро аз эҷодиёти ин шоири бузурги халқи тоҷик иҷро карданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ низ ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз гурӯҳи рақсии ансамбли “Санам”, суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.
"Шеърҳои Турсунзода дар бораи сулҳ, дӯстии байни миллатҳо, муҳаббат ба ватан ва садоқат ба ормонҳои инсондӯстӣ имрӯз ҳам мисли ним аср пеш муҳиманд. Ҷашни 115-солагии шоири бузург танҳо эҳтиром нест; ин ёдраскунии қудрати ифодаи бадеӣ аст, ки ба манфиати инсоният нигаронида шудааст", - таъкид кард Муртазо Бобобеков, котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Русия.,
Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.
Бояд гуфт, ки имсол дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад.
Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар — дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни Мирзо Турсунзода доир мегарданд ва пажуҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.