Кобул аз Тоҷикистон хост, консулгариашро дубора дар вилояти Бадахшони Афғонистон боз кунад

© SputnikТаджикско-Афганская граница.
Таджикско-Афганская граница.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2026
Обуна шудан
Душанбеву Кобул роҳҳои боз кардани консулгарии Тоҷикистон дар ин вилояти Бадахшони Афғонистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 апр - Sputnik. Ахиран волии вилояти Бадахшони Афғонистон бо дипломатҳои сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар вилояти Бадахшон мулоқот кардаааст, иттилоъ додааст нашрияи “Пажвок”.
Ба иттилои манбаъ дар ин дидор, масоили тақвияти равобити тиҷоратӣ ва иқтисодӣ, мудирияти беҳтари сарҳадот, эҷоди бозорҳои муштараки марзӣ ва омӯзиши роҳҳои боз кардани консулгарии Тоҷикистон дар ин вилоятро баррасӣ кунанд.
Тибқи иттилои манбаъ, мулоқоти Мавлавӣ Муҳаммад Исмоил Ғазнавӣ, волии вилояти Бадахшон, бо Хуршид Одиназода, сардори аташеи низомӣ ва Назаралӣ котиби аввали сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон дар дафтари волии вилоят сурат гирифт.
Гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот, ки бо ҳамоҳангии Раёсати хориҷаи Бадахшон сурат гирифт, масъалаҳои муҳим баррасӣ шуданд.
Аз ҷумла дар ин дидор масъалаи чӣ гуна тақвият додани муносибатҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ байни ду кишвар, тақвият ва идоракунии беҳтари марзҳо, таъсис ва тақвияти бозорҳои муштарак дар минтақаҳои марзии Афғонистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳузури Толибон* аз нигоҳ доштани амнияти марз гуфт - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2026
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон дар ҳузури Толибон* аз нигоҳ доштани амнияти марз гуфт.
Ҳамчунин трафҳо вобаста ба роҳҳои бозгушоии консулгарии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшонии Афғонистон баҳсҳои ҳамаҷониба карданд.
Дафтари матбуоти волии вилояти Бадахшони Афғонистон гуфтааст, ки ҷонибҳо инчунин бар густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла тасҳили рафту омади қонунӣ, афзоиш сатҳи табодулоти тиҷоратӣ, эҷоди фурсатҳои ҷадид сармоягузорӣ ва ҳамкориҳои давомдор дар ростои таъмини субот ва рифоҳи мардум и ду кишвар таъкид намуданд.
Мақомоти ҳарду ҷониб чунин мулоқотҳоро дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек байни Афғонистону Тоҷикистон муҳим ва муассир арзёбӣ карда, зарурати идомаи чунин мулоқотҳоро таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0