https://sputnik.tj/20260523/nigaronii-maqomot-jamovarii-mablagh-ghayriqonuni-khatlon-1077754929.html
Нигаронии мақомот аз ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии Хатлон
Нигаронии мақомот аз ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии Хатлон
Sputnik Тоҷикистон
Дар Хатлон корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омӯзгорон тақвият медиҳанд, то аз ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ даст кашанд
2026-05-23T10:21+0500
2026-05-23T10:21+0500
2026-05-23T10:21+0500
дар тоҷикистон
маориф
мактаб
ҷамъоварии маблағ
ғайриқонунӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_0:270:5184:3186_1920x0_80_0_0_cd97595dc5999656e2e4288b809181b8.jpg
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ахиран дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба паҳн гардидани сару садоҳои бардурӯғ ва ҳифзи обрӯву эътибори омӯзгорон баррасӣ шуданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки имрзҳо ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар ин ҷаласа қайд кард, ки роҳ надодан ба ҳар гуна ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи ҷиддии ҳар як роҳбар ва корманди соҳаи маориф мебошад.Дар ин замина, аз масъулон талаб карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо омӯзгорон, хонандагон ва кумитаҳои падару модарон тақвият бахшанд.Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон, дар рафти ҷаласа бо истифода аз матлабҳо ва наворҳое, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидаанд, масъалаҳои мавҷуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.Раёсати маорифи Хатлон барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон эҳсонкорӣ ва кӯмакрасонии шахсони саховатпеша, соҳибкорону ободгарон ҷиҳати ободу зебо намудани муассисаҳои таълимӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ҷонибдорӣ карда мешавад.
https://sputnik.tj/20260512/malum-maktabbachagon-tojikiston-tatil-tobistona-1077483399.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102470/18/1024701804_288:0:4896:3456_1920x0_80_0_0_28f0a2baeed8db5747e0e838f9ffd08c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маориф, мактаб, ҷамъоварии маблағ, ғайриқонунӣ
дар тоҷикистон, маориф, мактаб, ҷамъоварии маблағ, ғайриқонунӣ
Нигаронии мақомот аз ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимии Хатлон
Дар Хатлон корҳои фаҳмондадиҳиро миёни омӯзгорон тақвият медиҳанд, то аз ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ даст кашанд
ДУШАНБЕ, 23 май - Sputnik. Ахиран дар Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои пешгирии ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ дар муассисаҳои таълимӣ, роҳ надодан ба паҳн гардидани сару садоҳои бардурӯғ ва ҳифзи обрӯву эътибори омӯзгорон баррасӣ шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар додааст.
Зимни ҷаласа таъкид гардид, ки имрзҳо ҳукумати кишвар ба рушди соҳаи маориф, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода дар ин ҷаласа қайд кард, ки роҳ надодан ба ҳар гуна ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ дар муассисаҳои таълимӣ вазифаи ҷиддии ҳар як роҳбар ва корманди соҳаи маориф мебошад.
Дар ин замина, аз масъулон талаб карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро бо омӯзгорон, хонандагон ва кумитаҳои падару модарон тақвият бахшанд.
Қайд карда шудааст, ки ҳамзамон, дар рафти ҷаласа бо истифода аз матлабҳо ва наворҳое, ки вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардидаанд, масъалаҳои мавҷуда мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Раёсати маорифи Хатлон барои бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Ҳамчунин, қайд карда шуд, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон эҳсонкорӣ ва кӯмакрасонии шахсони саховатпеша, соҳибкорону ободгарон ҷиҳати ободу зебо намудани муассисаҳои таълимӣ, саҳмгузорӣ дар корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ҷонибдорӣ карда мешавад.