https://sputnik.tj/20251030/nikoh-taloq-sughd-kam-1072520463.html
Никоҳ ва талоқ дар вилояти Суғд кам шудааст
Никоҳ ва талоқ дар вилояти Суғд кам шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз коҳиши шумораи никоҳ ва талоқ хабар доданд
2025-10-30T10:32+0500
2025-10-30T10:32+0500
2025-10-30T11:53+0500
суғд
иҷтимоъ
никоҳ
талоқ ва никоҳ
коҳиш
дар тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072534046_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_976455f141080e865e07708463816bc2.jpg
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ, 3% кам шудааст.Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон гузориш додааст.Гуфта мешавад, ки давоми моҳҳои январ - сентябр, 15 403 ҷуфт никоҳ кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар давраи зикршуда ба 1000 нафар аҳолӣ 6,9 ададро ташкил кардааст.Шумораи бекоршавии ақди никоҳи бақайдгирифташудаи САҲШ дар ин вилоят бошад, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 5,2% кам шудааст.Ҳамин тавр, давоми нӯҳ моҳ 2333 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудааст. Коэффитсиенти бекоршавии ақди никоҳ дар Суғд ба 1000 нафар аҳолӣ 1,0 адад рост омадааст.Ин дар ҳолест, ки нархи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад.Ин навгонӣ бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ, амалӣ мешавад.Ҳамин тавр, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси:Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.
https://sputnik.tj/20251002/taloq-ivaz-nomu-nasab-tojikiston-bolo-1071690543.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2025
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/0a/1e/1072534046_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_7f0efcb808c1a3782081763297b80a4c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
никоҳ, талоқ, суғд
Никоҳ ва талоқ дар вилояти Суғд кам шудааст
10:32 30.10.2025 (Навсозишуда: 11:53 30.10.2025) Мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд аз коҳиши шумораи никоҳ ва талоқ гузориш додааст
ДУШАНБЕ, 30 окт — Sputnik. Давоми нӯҳ моҳи соли ҷорӣ, шумораи никоҳи бақайдгирифтаи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар вилояти Суғд, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ, 3% кам шудааст.
Дар ин бора, Агентии омори Тоҷикистон гузориш додааст.
Гуфта мешавад, ки давоми моҳҳои январ - сентябр, 15 403 ҷуфт никоҳ кардааст. Коэффитсиенти умумии никоҳ дар давраи зикршуда ба 1000 нафар аҳолӣ 6,9 ададро ташкил кардааст.
Шумораи бекоршавии ақди никоҳи бақайдгирифташудаи САҲШ дар ин вилоят бошад, дар моҳҳои январ – сентябри соли 2025 нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 5,2% кам шудааст.
Ҳамин тавр, давоми нӯҳ моҳ 2333 ҷуфт аз ҳам ҷудо шудааст. Коэффитсиенти бекоршавии ақди никоҳ дар Суғд ба 1000 нафар аҳолӣ 1,0 адад рост омадааст.
Ин дар ҳолест, ки нархи бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар Тоҷикистон ду баробар боло меравад.
Ин навгонӣ бар асоси тағйирот ба қонун дар бораи боҷи давлатӣ, амалӣ мешавад.
Ҳамин тавр, барои бақайдгирии давлатии бекор кардани ақди никоҳ дар асоси:
аризаи яке аз ҳамсарон ба андозаи 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон - ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо,
дар асоси ҳалномаи суд - ба андозаи 14 нишондиҳанда барои ҳисобҳо боҷ ситонда хоҳад шуд.
Айни ҳол як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомониро ташкил медиҳад.