Табодули колои Тоҷикистон новобаста аз буҳрони иқтисодӣ дар ҷаҳон наздик ба 30% афзуд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкКонтейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра "Артем" в Приморском крае.
Контейнерная площадка на территории мультимодального транспортно-логистического центра Артем в Приморском крае.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.05.2026
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки новобаста аз ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо табодули коло афзудааст
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Дар се моҳаи аввали соли равон, гардиши тиҷорати хориҷӣ ба 2,7 млрд доллар баробар шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Хадамоти гумуруки Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 464,2 миллион доллар ё 20,8 дарсад зиёд мебошад.
Хадамоти гумрук таъкид кардааст, ки дар семоҳаи аввали соли 2026 барои ноил шудан ба ҳадафҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти гумрук, ки бо санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрии ҳуқуқии зерқонунӣ муқаррар гаштаанду ба такмили маъмуригардонии гумрук равона шудаанд, тадбирҳои амалӣ андешидааст.
“Сарфи назар аз идома ёфтани буҳрони молиявӣ-иқтисодӣ дар робита ба ногувор шудани вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон, ки боиси ба миён омадани душвориҳои зиёд ҳангоми интиқоли борҳо байни шарикони тиҷорати хориҷии ҷумҳурӣ гардид, Хадамоти гумрук тавонист иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукиро барзиёд таъмин намояд”, - иброз доштааст Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон.
Хуснуллин и Расулзода обсудили развитие сотрудничества России и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Хуснулин ба Расулзода: Корамон хуб аст, табодули коло дар чор моҳ 20% афзоиш ёфт
Ёдовар мешавем, ки дар гардиши савдои хориҷӣ ба ҳиссаи мамлакатҳои ИДМ 47% фоиз ё 1258,1 млн доллар ва ба ҳиссаи мамлакатҳои хориҷи дур 53% ё 1417,6 млн доллар рост меояд.
Умуман ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар моҳҳои январ-марти соли 2026 нисбат ба моҳҳои январ-марти соли 2025 бо мамлакатҳои ИДМ 11% ё 124,9 млн. доллар, ва бо мамлакатҳои хориҷи дур бошад, 14,4% ё 178,4 млн. доллар зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2026 Тоҷикистон бо 112 мамлакат, аз он ҷумла бо 10 мамлакати ИДМ ва бо 102 мамлакати хориҷи дур муносибати савдои хориҷиро анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0