https://sputnik.tj/20260522/id-nazdik-maqomot-bozornishinon-narkhro-garon-1077724103.html
Ид наздик аст: Мақомот аз бозорнишинон хост нархро беасос гарон накунанд
Ид наздик аст: Мақомот аз бозорнишинон хост нархро беасос гарон накунанд
Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикстандарт аз фурӯшандагон ва соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбе хостааст, ки қоидаҳои савдоро риоя кунанд ва аз беасос боло бурдани нархи маҳсулот худдорӣ намоянд
2026-05-22T09:36+0500
2026-05-22T09:36+0500
2026-05-22T09:36+0500
дар тоҷикистон
"тоҷикстандарт"
гӯшт
нарх
болоравии нарх
бозор
душанбе
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077723171_0:57:3035:1764_1920x0_80_0_0_18ead5d05a4e183c2911b494621c5124.jpg
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баъзан ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳо дар бозорҳои пойтахт ба қайд гирифӣа шудааст, ки ин раванд метавонад ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.Кормандони нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулот ва риояи қоидаҳои дурусти савдо, бо фурӯшандагон ва соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.Кормандони Тоҷикстандарт аз соҳибкорон ва фурӯшандагони бозорҳо даъват дорад, ки қоидаҳои савдоро риоя карда, аз беасос боло бурдани нархи маҳсулот худдорӣ кунанд.Ҳамчунин масъулини Тоҷикстандарт, таъкид карданд, ки риояи фарҳанги савдо, пешниҳоди маҳсулоти босифат ва худдорӣ аз боло бурдани нархи маҳсулот барои ҳифзи суботи бозори истеъмолӣ ва дастгирии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.Кормандони Нозироти савдо аз соҳибкорон даъват карданд, ки дар арафаи идҳо ва рӯзҳои серхаридорӣ манфиати мардумро ба назар гирифта, аз амалҳои ғайриқонунӣ ва беасос худдорӣ намоянд.
https://sputnik.tj/20260520/sanai-daqiqi-idi-qurbon-tojikiston-elon-1077688882.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07ea/05/15/1077723171_153:0:2884:2048_1920x0_80_0_0_d494aa71cb9b9b2af3ab97402604bc25.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, "тоҷикстандарт", гӯшт, нарх, болоравии нарх, бозор, душанбе, иҷтимоъ
дар тоҷикистон, "тоҷикстандарт", гӯшт, нарх, болоравии нарх, бозор, душанбе, иҷтимоъ
Ид наздик аст: Мақомот аз бозорнишинон хост нархро беасос гарон накунанд
Тоҷикстандарт аз фурӯшандагон ва соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбе хостааст, ки қоидаҳои савдоро риоя кунанд ва аз беасос боло бурдани нархи маҳсулот худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 22 май - Sputnik. Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки баъзан ҳолатҳои беасос баланд бардоштани нархҳо дар бозорҳои пойтахт ба қайд гирифӣа шудааст, ки ин раванд метавонад ба вазъи иҷтимоии аҳолӣ таъсири манфӣ расонад.
Кормандони нозироти савдои Агентии Тоҷикстандарт бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулот ва риояи қоидаҳои дурусти савдо, бо фурӯшандагон ва соҳибкорони бозорҳои шаҳри Душанбе корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Кормандони Тоҷикстандарт аз соҳибкорон ва фурӯшандагони бозорҳо даъват дорад, ки қоидаҳои савдоро риоя карда, аз беасос боло бурдани нархи маҳсулот худдорӣ кунанд.
“Дар рӯзҳои ид мардум барои дастархони идона бештар маҳсулоти ғизоӣ харидорӣ мекунанд ва болоравии нарх метавонад ба буҷаи оилаҳо таъсир расонад”, - таъкид кардааст ин ниҳод.
Ҳамчунин масъулини Тоҷикстандарт, таъкид карданд, ки риояи фарҳанги савдо, пешниҳоди маҳсулоти босифат ва худдорӣ аз боло бурдани нархи маҳсулот барои ҳифзи суботи бозори истеъмолӣ ва дастгирии аҳолӣ аҳамияти муҳим дорад.
Кормандони Нозироти савдо аз соҳибкорон даъват карданд, ки дар арафаи идҳо ва рӯзҳои серхаридорӣ манфиати мардумро ба назар гирифта, аз амалҳои ғайриқонунӣ ва беасос худдорӣ намоянд.