Санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкВерующие в соборной мечети Пятигорска во время намаза в праздник Курбан-Байрам.
Верующие в соборной мечети Пятигорска во время намаза в праздник Курбан-Байрам. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2026
Обуна шудан
Санаи дақиқи таҷлили Иди Қурбон дар кишвар эълон шуд, ки тибқи тақвими мусалмонӣ, дар саросари ҷаҳон дар 10-уми моҳи Зулҳиҷҷа ҷашн гирифта мешавад
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2024 ба 27 май рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Кумитаи дин хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
Таъкид шудааст, ки вақти баргузоршавии намози иди саиди Қурбон соати 06:00 дақиқа муайян карда шудааст.
Дар ҷаласа раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода, аъзои ин ниҳод ва имомхатибонро вазифадор кард, ки дар мавъизаҳояшон таваҷҷуҳи мардумро ба масъалаи илмомӯзии наврасону ҷавонон ва пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, инчунин расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон, пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд ва худашон намунаи ибрати дигарон шаванд.
Заглушка к инфографике - Что такое Ночь Мирадж? - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.05.2026
Ҳаҷ 2026: Ҳоҷиён бояд чиро донад
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи корӣ рост меояд, рӯзи истироҳатӣ эълон мешавад. Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0