Пружаи хантавирус: бо чизе, ки нест, чӣ бояд кард?

© AP / Patrick PostПредупреждающий знак на набережной рядом с круизным судном MV Hondius в порту Роттердама, Нидерланды, в понедельник, 18 мая 2026 года.
Предупреждающий знак на набережной рядом с круизным судном MV Hondius в порту Роттердама, Нидерланды, в понедельник, 18 мая 2026 года.  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.05.2026
Обуна шудан
Эксклюзив
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “хантавирус” – ро як падидаи ҳамешагӣ ва маъмулӣ арзёбӣ мекунад ва онро чандон сиояткунанда намеҳисобад
ДУШАНБЕ, 21 май - Sputnik. Дар Тоҷикистон хантавирус вуҷуд надорад. Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди хантавирус дар кишварро рад карда, сокинонро барои риояи чораҳои оддии беҳдоштӣ даъват мекунанд
Аммо коршиносон бо баррасии вазъи на фақат сиҳӣ, балки сиёсии ҷаҳон эҳтимоли дар оянда пайдоиши хантавирус, ҳатто аз роҳҳои сунъӣ, дар кишварро баъид намедонанд.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон аз ҷинси хояндаҳое, ки вируси хантаро паҳн мекунанд, ҳеҷ ҷонваре зиндагӣ намекунад.
“Як навъи ширхорон ба номи “хорёк” (ба форсӣ – “хураск”) ҳаст, ки кишвари мо дар ҷуғрофиёи сукунаташ нест. Дар умум “ханта” ва амсоли он вируси ҷадид нест ва аксарияти кулли онҳо сироятӣ нестанд”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Вай афзуд, ҳар як навъи “хантавирус” бо як намуди хоси хояндаҳо марбут аст, ки дар саросари ҷаҳон вобаста ба муҳити зисти маҳаллӣ паҳн шудаанд.
“Минтақаҳои асосии паҳншавии онҳо дар Осиё, бахусус, Чин, Кореяи Ҷанубӣ ва Русия буда, бештар шакли табларзаи геморрагӣ бо алоими гурда (HFRS)-ро дорад. Ин ҷо вирусҳои “Хантаан” ва “Сеул” бештар паҳн шудаанд”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон.
Врач в лаборатории делает анализы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2026
Вазорати тандурурстӣ: Дар Тоҷикистон сирояти "Хантавирус" ба қайд гирифта нашудааст
Вай афзуд, дар ҳамин шабу рӯз ҳолатҳои сироят ба вируси “Пуумала” дар Финландия, Шветсия, Олмон, Фаронса ва дигар кишварҳои аврупоӣ сабт шудааст, ки вижаи ин минтақа аст ва ё дар Амрикои Шимолӣ, бахусус, ИМА ва Канада асосан синдроми шушии хантавирус (HPS), ки бештар аз вируси “Синамбре” аст, сабт мешавад.
“Вирусҳои фавқуззикр сироятӣ нестанд, аз кас ба кас намегузаранд. Аммо дар Амрикои Ҷанубӣ, масалан, Аргентина, Чили, Бразилия ва Парагвай, ҳарчанд чанд намуди “хантавирус” сироятӣ нестанд, дар миёни онҳо яке, он ҳам “Андес”, он ҳам дар ҳолатҳои нодир метавонад аз инсон ба инсон сироят кунад”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
“Андес” ҳамон штамии хантавирус аст, ки моҳи равон дар дар киштии сайёҳии “MV Hondius” зуҳур карда, мӯҷиби шуюъи хатарноки “Хантавирус” шуд, ки дар пайи он се нафар (ду ҳолландӣ ва як олмонӣ) фавтиданд. Ҳудуди 240 мусофири киштӣ дар Тенерифи Испания шуд.
Манбаи ин вирус, хояндаҳои мавҷуд дар маҳалли Ушуайи Аргентина, ҷое, ки киштӣ сафарашро ба азми Аврупо шуруъ кард, дониста мешавад.
Бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, дар ҳоли ҳозир дасти кам дар 9 кишвари ҷаҳон – Аргентина (кишвари “маризи сифрӣ”), Нидерландҳо, Олмон, Африқои Ҷанубӣ, Бритониё, Испания, Фаронса, Шветсария, Амрико – гирифторони штамми “Андес”-и хатнавирус умдатан якнафарӣ сабт шудаанд.
Илова бар вазъияти ҷанҷолӣ дар киштӣ дар кишварҳои Амрикои Ҷанубиву Марказӣ (штамми “Андес”), Амрикои Шимолӣ (штамми “Синомбре”) ва Авруосиё (штаммҳои мухталиф, аз ҷумла “Пуумала” ё “Хантаан”) ҳамчунон омори табиии марбут ба ҳантавирусҳои маҳаллӣ (ки ба таври истисноӣ аз хояндаҳои маҳаллӣ ба инсон мунтақил мешаванд) идома дорад.

Дастҳоятонро шӯед

Дар ҳамин ҳол, бо он вуҷуд ки Тоҷикистон дар ҷуғрофиёи табии хантавирусҳо, бахусус, навъи сироятии он “Андес” қарор надорад, вазорати тандурустии кишвар аз сокинон даъват кардааст, ки аз эҳтиёт кор гиранд.
Тест-система для выявления случаев заражения вирусами. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Тоҷикистон барои ошкор кардани вируси “Нипаҳ” аз Русия тестҳо мехарад
Мутахассисони вазорат мегӯянд, ки сироят бештар ҳангоми тамос бо пешоб, наҷосат ё оби даҳони хояндаҳои сироятшуда дар минтақаҳои гардиши вирус ба вуҷуд меояд ва эҳтимоли сироят ҳангоми нафаскашии зарраҳои чангу ғубори олудашуда дар ҷойҳои пӯшида, анборҳо, таҳхонаҳо ва манзилҳое, ки хояндаҳо мавҷуданд, зиёд мегардад.
Наврӯз Ҷаъфаров мегӯяд, вазъият таҳти назорати мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қарор дода шудааст, аммо риояи чораҳои оддии беҳдоштӣ метавонад хатари сироятро ба таври назаррас коҳиш диҳад.
“Чораҳои асосии пешгирӣ - тоза нигоҳ доштани хонаҳо, таҳхонаҳо, анборҳо ва ҷойҳои нигоҳдории маҳсулот, пешгирии воридшавии хояндаҳо ба манзил ва маҳалҳои нигоҳдории озуқаворӣ, нигоҳдории маҳсулоти хӯрокворӣ дар зарфҳои пушида, истифодаи дастпӯшак ва ниқоб ҳангоми тоза кардани ҷойҳое, ки эҳтимоли мавҷудияти хояндаҳо вуҷуд дорад, сари вақт нест кардани партовҳои маишӣ, муроҷиати фаврӣ ба муассисаҳои тандурустӣ ҳангоми пайдо шудани нишонаҳо дар ҳолати алоқамандӣ ва ё осеб аз хояндаҳо, аз ҷумла табларза, дарди мушакҳо, сустӣ, мушкилоти нафаскашӣ ё дарди шадиди сар мебошад”, - гуфт масъули вазорати тандурустӣ.

Пружаи Ғарб?

Дар ҳамин ҳол, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ “хантавирус” – ро як падидаи ҳамешагӣ ва маъмулӣ арзёбӣ мекунад ва онро чандон сиояткунанда намеҳисобад, сарусадоҳо дар бораи шуюъи он дар як киштии сайёҳӣ ва ҳангомасозии расонаҳо ва ҳамчунин барҷаста кардани мавориди он дар кишварҳои ғарбӣ ба кадом хотир аст? Бахусус, кишварҳое, ки назири Тоҷикистон шомили ҷуғрофиёи пайдоиши хантавирусҳо нестанд, аз чӣ бояд эҳтиёт кунанд?
Аз сӯи дигар, ин ҳамон вазъи то COVID 19 дар ҷаҳонро ба ёд меорад, ки шуюъи коронавирус аз Чин шуруъ шуд ва асари худро барои солҳо дар иқтисоду тиҷорати ҷаҳон гузошт. Бархе кишварҳо то ба ҳол марзҳои худро боз накардаанд. Хисороти ҷонӣ, бино ба иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, беш 7 миллион нафар ва хисороти иқтисодӣ, бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, 30 то 35 триллион долларро ташкил дод.
Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси Нипах бо истифода аз тестҳои русиягӣ омодагӣ мебинад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.01.2026
Тоҷикистон барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси Нипах бо истифода аз тестҳои русиягӣ омодагӣ мебинад.
Дар бораи ин ки як ҳамагирии ҷаҳонии дигар дар пайи шуюъи вируси “Х” дар пеш аст, қаблан дар маҳфилҳои ғарбии “Давос” ва ҳам муқоваи пешгӯиҳои маҷаллаи “Экономист” – и Британия барои соли 2026 аланӣ ишора шудааст, ки ҳар гуна назарияи тавтиаро таҳти суол қарор медиҳад.
Акбар Ҷалилов, коршинос дар умури иқтисод, бар ин аст, ки маҳофили махуфи ҷаҳонӣ дар пайи бохти низомӣ дар майдонҳои ҷанги Украинаву Эрон, акнун мехоҳанд ба рақибони худ – Русия, Чин ва дар умум, “меҳвари Шарқ” аз ин роҳ зарба зананд.
“Онҳо мехоҳанд он натиҷаеро ба даст оранд, ки аз ҳамагирии Ковид 19 ба даст оварданд, он ҳам ҷилавгирӣ аз рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва ворид кардани фанновариҳои худ, назири низоми молии рақамӣ, дар шароити инзивои куллӣ ва эҷоди ба истилоҳ, “конслагери рақамӣ” аст. Маълум нест, ки “пружаи хантавирус” то куҷо муваффақ хоҳад буд, аммо чунин як барнома вуҷуд дорад”, - гуфт Акбар Ҷалилов.
Ба қавли ӯ, ҳарчанд хантавируси “Андес”ба ҷуз Амрикои Ҷанубӣ дар дигар кишварҳо шароити зисту рушд надорад ва ҳам сирояташ хеле сангин аст, танҳо роҳе, ки онро метавонанд дар саросари олам паҳн кунанд, боз ҳам ҳамон роҳҳои ношинохтаи сунъӣ, аммо аз қабл тарҳрезишуда аст.
Лентаи хабарҳо
0