Дар шаҳри Душанбе наздик ба 30 нуқтаи махсуси забҳи чорво ташкил карда мешавад

Обуна шудан
Рӯйхати ҷойҳои муваққатӣ барои забҳи чорво дар Иди Қурбонро шаҳрдории Душанбе маълум кардааст. Сокинон метавонанд чорворо танҳо дар ин маконҳо забҳ кунанд
Дар шаҳри Душанбе наздик ба 30 нуқтаи махсуси забҳи чорво ташкил карда мешавад
Рӯйхати ҷойҳои муваққатӣ барои забҳи чорво дар Иди Қурбонро шаҳрдории Душанбе маълум кардааст. Сокинон метавонанд чорворо танҳо дар ин маконҳо забҳ кунанд
Дар остонаи Иди Қурбон дар шаҳри Душанбе муваққатан барои забҳи чорво кушторгоҳҳои вижа ташкил карда мешавад.
Бо қарори роҳбарияти Душанбе, дар чор ноҳияи пойтахт 28 ҷойи махсуси забҳи чорво ташкил карда шудааст.
Тибқи рӯйхате, ки дастраси Sputnik Тоҷикистон гардидааст, аз ҳама беш кушторгоҳҳо дар ноҳияи Сино ташкил шудааст. Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар даҳҳо ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Барои роҳатпайдо кардани ҷойҳои забҳ Sputnik Тоҷикистон суроғаҳоро дартасвирбаён нишон додааст.
Сокинони ин ноҳия дар Иди Қурбон имкон доранд дар даҳҳо ҷой гӯсфанд қурбонӣ кунанд.
Забҳи чорво дар Иди Қурбон рӯзи 27 май пас аз намози ид оғоз шуда, се рӯзи дигар идома хоҳад кард.
Санаи дақиқи Иди Қурбон дар Тоҷикистон эълон шуд
Хамин тавр, дар нохияи Шохмансур нуктахои зерин муайян карда шудаанд: Шукуҳӣ 44, теппахои Шарқӣ, Назаршоев 374, Айнй 259, Фалакон, Чилмеҳроб, Куштеппа (1 май)
Фирдавсй: Каҳорров, маҳаллаи Гулбутта, шаҳраки 63 – кӯчаи Фирдавсӣ назди бинои №99.
Сино: Пахтакор 70, Тургенев 29, Раҳмон Набиев 292/2, Лермонтов 466, Хувайдуллоев 252, Ҳаёти нав, 313, Ҳисорак, Панҷруд 125, Навободи боло 79, кӯчаи Мехкалона, -50, х27/3, Лучоби боло 82, Шодоб 153, Деҳи боло 222.
Исмоили Сомонӣ: Кӯчаи Сахбо, Хуҷамбиёи поён 121, кӯчаи Нодира 52, Деҳнаваки поён, И. Сатторов 36.
Ҳаҷ 2026: Ҳоҷиён бояд чиро донад
Ёдовар мешавем, ки имсол Иди Қурбон ба 27 май рост омад. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Намози ид дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқаи ба вақти Душанбе доир мешавад.
Лентаи хабарҳо
0