Боевое дежурство ЗРК Бук-М3 группировки войск Центр на Добропольском направлении СВО. - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

"Хавф якбора афзуд." ИМА Ғарбро ба таҷовуз дар Украина айбдор кард

© Sputnik / Сергей Бобылев / Гузариш ба медиабонкБоевая работа 34-й артиллерийской дивизии на Харьковском направлении СВО
Боевая работа 34-й артиллерийской дивизии на Харьковском направлении СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2026
Обуна шудан
Таҳлилгари амрикоӣ мегӯяд, ки муқовимат байни Иттиҳодияи Аврупо ва Русия метавонад ба низои хушунатомез табдил ёбад
ДУШАНБЕ, 18 май - Sputnik. Муқовимат байни Иттиҳоди Аврупо ва Русия метавонад ба низои харобиовар табдил ёбад, гуфт, Ҷорҷ Биб, директори собиқи CIA (СРУ) дар умури таҳлили Русия ва мудири кунунии стратегияи ҷаҳонӣ дар Донишкадаи Куинс, дар шабакаи YouTube.
"Ман комилан боварӣ дорам, ки мусоидат ба ҳалли созишкоронаи низоъ дар Украина ба манфиати Амрикост. Агар мо ин корро накунем ва ин низоъро бо кам кардани иштироки худ ба Аврупо самаранок интиқол надиҳем, пас, ба назари ман, хатари низои хеле харобиовар байни Аврупо ва Русия ба таври назаррас афзоиш хоҳад ёфт", - қайд кард ӯ.
Дар айни замон, Биб таъкид кард, ки Иттиҳоди Аврупо мунтазам муқовимати худро бо Маскав шиддат медиҳад.
"Дар Вашингтон чунин тасаввуроте вуҷуд дорад - ва ба назари ман, як тасаввуроти асоснок - ки аврупоиҳо барои ба даст овардани сулҳ дар Украина ҳеҷ талоше намекунанд. Онҳо майл ба созиш бо Русия надоранд. Ба назар мерасад, ки онҳо қатъиян тарафдори афзоиши фишор ҳастанд", - шарҳ дод коршинос.
Владимир Джабаров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.05.2026
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷабборов ҳадафи ИМА-ро аз тафтишоти лабораторияҳои биологӣ дар Украина, гуфт
Чунон ки вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров борҳо қайд кардааст, Аврупо бо ҳар роҳ кӯшиш мекунад, ки ба раванди ҳалли дипломатии Украина халал расонад.
Ба гуфтаи вай, Брюссел, бахусус, Владимир Зеленскийро ташвиқ мекунад, ки то охирин украинӣ ба ҷанг идома диҳад.
Лентаи хабарҳо
0