https://sputnik.tj/20260129/narkhi-manzil-dar-tojikiston-chand-ast-1074882768.html
Нархи манзил дар Тоҷикистон чанд аст
Нархи манзил дар Тоҷикистон чанд аст
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, ки қимати манзил миёни кишварҳои пасошӯравӣ дар Тоҷикистон аз арзонтаринҳост
2026-01-29T17:06+0500
2026-01-29T17:06+0500
2026-01-29T17:36+0500
сохтмон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
дар тоҷикистон
нарх
душанбе
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/81/1029268194_0:299:2872:1915_1920x0_80_0_0_426f79ee580ae14bd784a57d4b6b93d7.jpg
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Арзиши миёнаи манзил дар Тоҷикистон барои 1 метри мураббаъ аз 5000 сомонӣ зиёд аст.Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар Низом Мирзозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва гуфт, ки ҳоло қимати 1 метри мураббаъи манзил дар Душанбе беш аз 8000 сомонӣ аст.Ба гуфтаи Низом Мирзозода ҳоло қимати 1 метри мураббаъ дар:Ба гуфтаи ӯ, дар умум арзиши миёнаи манзил дар саросари кишвар аз 5000 сомонӣ зиёд аст.Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад.Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
https://sputnik.tj/20251028/sokhtmon-manzil-tojikiston-afzudaast-1072484736.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/81/1029268194_160:0:2713:1915_1920x0_80_0_0_c9eda88a00d82955a9f4fc999c16abd3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
нарх, манзил, тоҷикистон
Нархи манзил дар Тоҷикистон чанд аст
17:06 29.01.2026 (Навсозишуда: 17:36 29.01.2026) Дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад
ДУШАНБЕ, 29 янв - Sputnik. Арзиши миёнаи манзил дар Тоҷикистон барои 1 метри мураббаъ аз 5000 сомонӣ зиёд аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони кишвар Низом Мирзозода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт ва гуфт, ки ҳоло қимати 1 метри мураббаъи манзил дар Душанбе беш аз 8000 сомонӣ аст.
Ба гуфтаи Низом Мирзозода ҳоло қимати 1 метри мураббаъ дар:
шаҳри Хуҷанд - 5350 сомонӣ,
Турсунзода - 4500 сомонӣ,
Бохтар - 4000 сомонӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, дар умум арзиши миёнаи манзил дар саросари кишвар аз 5000 сомонӣ зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон сохтмони манзилҳои истиқоматӣ рӯ ба зиёдшавӣ дорад.
Афзоиши мизони сохтмони биноҳои истиқоматӣ махсусан дар бахши хусусӣ ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад, Агентии омори кишвар.
Тибқи иттилои ин ниҳод, дар моҳҳои январ-сентябри соли 2025 ба масоҳати умумии 1001,7 ҳазор метри мураббаъ биноҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.