https://sputnik.tj/20260516/kharidoron-aslii-mahsulot-halol-rusiya-tojikiston-1077566783.html
Мақомдори рус: Яке аз харидорони аслии маҳсулоти "Ҳалол"-и Русия Тоҷикистон аст
Мақомдори рус: Яке аз харидорони аслии маҳсулоти "Ҳалол"-и Русия Тоҷикистон аст
Sputnik Тоҷикистон
Русия дар соли гузашта ба ҷаҳони ислом ба 388 миллион доллар маҳсулоти ҳалол содирот кардааст
2026-05-16T16:21+0500
2026-05-16T16:21+0500
2026-05-16T16:21+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳалол
маҳсулот
содирот
харидорӣ
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102554/74/1025547464_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_a2c256d7fe7c9ae5bb3bce3ebe5950d7.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Ба иттилои муовини вазири саноат ва савдори Русия Роман Чекушев, бештар маҳсулоти “Ҳалол”-и Русияро кишварҳои сбиқи Шӯравӣ аз ҷумла Тоҷикистон ворид кардаанд.Вай таъкид кард, ки харидорони маҳсулоти “Ҳалол”-и Русия "тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳони исломӣ" буданд."Имконияти содиротӣ хеле бештар аст. Қисми зиёди ин маҳсулот, албатта, маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Русия назорат мешаванд. Медонед, ки сертификатҳои ҳалол на танҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ, балки, масалан, барои ороиш ва атриёт - маҳсулоте, ки имрӯз дар Русия фаъолона рушд мекунанд, дода мешаванд. Мо аллакай омодаем, ки ин маҳсулотро бештар содирот кунем. Аз ин рӯ, ман яке аз омилҳои асосии афзоиши содироти ҳалолро дар оянда мебина: гирифтани сертификатҳои ҳалол аз ҷониби истеҳсолкунандагони косметика ва атриётҳои мо", - гуфт Чекушов дар ҳошияи форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом" дар Қазон.Мақомдори рус қайд кард, ки аллакай дар ин масъала бо намоянджагони чанд кишвари исломӣ гуфтугӯ кардаанд.Чекушов қайд кард, ки дар маҷмӯъ, имкониятҳои асосии афзоиши содироти саноатӣ аз Русия "ба кишварҳои исломӣ" рабт дорад.Вай гуфт, то охири соли 2025, гардиши тиҷоратии Русия бо кишварҳои исломӣ ба 170 миллиард доллар расид."Бешубҳа, пешсафони воридоти маҳсулоти “Ҳалол”-и Русия дар ҷаҳони ислом кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ - Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Содирот ба Ховари Миёна низ фаъолона рушд мекунад. Ин на танҳо Аморати Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад, айни замон содирот ба Арабистони Саудӣ низ афзоиши назаррасро нишон медиҳад", - гуфт муовини вазир.Вай афзуд, ки Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Русия дар кишварҳои исломӣ боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20240912/panirhoi-halol-voronezhi-rusiya-tojikiston-vorid-1064307267.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102554/74/1025547464_233:0:2964:2048_1920x0_80_0_0_7969c843e956f269ea9096987f184269.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, ҳалол, маҳсулот, содирот, харидорӣ, иқтисод
дар тоҷикистон, русия, ҳалол, маҳсулот, содирот, харидорӣ, иқтисод
Мақомдори рус: Яке аз харидорони аслии маҳсулоти "Ҳалол"-и Русия Тоҷикистон аст
Русия дар соли гузашта ба ҷаҳони ислом ба 388 миллион доллар маҳсулоти ҳалол содирот кардааст
ДУШАНБЕ, 16 май - Sputnik. Ба иттилои муовини вазири саноат ва савдори Русия Роман Чекушев, бештар маҳсулоти “Ҳалол”-и Русияро кишварҳои сбиқи Шӯравӣ аз ҷумла Тоҷикистон ворид кардаанд.
Вай таъкид кард, ки харидорони маҳсулоти “Ҳалол”-и Русия "тақрибан ҳамаи кишварҳои ҷаҳони исломӣ" буданд.
"Имконияти содиротӣ хеле бештар аст. Қисми зиёди ин маҳсулот, албатта, маҳсулоти кишоварзӣ мебошанд, ки аз ҷониби Вазорати кишоварзии Русия назорат мешаванд. Медонед, ки сертификатҳои ҳалол на танҳо барои маҳсулоти хӯрокворӣ, балки, масалан, барои ороиш ва атриёт - маҳсулоте, ки имрӯз дар Русия фаъолона рушд мекунанд, дода мешаванд. Мо аллакай омодаем, ки ин маҳсулотро бештар содирот кунем. Аз ин рӯ, ман яке аз омилҳои асосии афзоиши содироти ҳалолро дар оянда мебина: гирифтани сертификатҳои ҳалол аз ҷониби истеҳсолкунандагони косметика ва атриётҳои мо", - гуфт Чекушов дар ҳошияи форуми "Русия - Ҷаҳони Ислом" дар Қазон.
Мақомдори рус қайд кард, ки аллакай дар ин масъала бо намоянджагони чанд кишвари исломӣ гуфтугӯ кардаанд.
Чекушов қайд кард, ки дар маҷмӯъ, имкониятҳои асосии афзоиши содироти саноатӣ аз Русия "ба кишварҳои исломӣ" рабт дорад.
Вай гуфт, то охири соли 2025, гардиши тиҷоратии Русия бо кишварҳои исломӣ ба 170 миллиард доллар расид.
"Бешубҳа, пешсафони воридоти маҳсулоти “Ҳалол”-и Русия дар ҷаҳони ислом кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ - Узбекистон, Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошанд. Содирот ба Ховари Миёна низ фаъолона рушд мекунад. Ин на танҳо Аморати Муттаҳидаи Арабро дар бар мегирад, айни замон содирот ба Арабистони Саудӣ низ афзоиши назаррасро нишон медиҳад", - гуфт муовини вазир.
Вай афзуд, ки Туркия яке аз шарикони асосии тиҷоратии Русия дар кишварҳои исломӣ боқӣ мемонад.