https://sputnik.tj/20240912/panirhoi-halol-voronezhi-rusiya-tojikiston-vorid-1064307267.html
Панирҳои “Ҳалол” аз Воронежи Русия ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд
Панирҳои “Ҳалол” аз Воронежи Русия ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Корхонаи панирсозии Воронеж аз снҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистонро гузашт
2024-09-12T15:41+0500
2024-09-12T15:41+0500
2024-09-12T15:41+0500
дар тоҷикистон
содирот
панир
коргоҳ
ҳалол
русия
воронеж
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064299114_0:0:3059:1721_1920x0_80_0_0_3d64d884675fb7bedcf2a55ac2b79b83.jpg
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Корхонаи Воронеж барои содироти панир ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.Корхонаи панирбарории “Эконива”, ба фурӯши панир дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Туркманистон шурӯъ хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин корхона."Корхонаи бузургтарин ширии Русия, “Эконива”, ки дар деҳаи Шучиеи вилояти Воронеж воқеъ аст, барои содироти панир ба Тоҷикистон ва Туркманистон иҷозатнома гирифтааст", - хабар дода шудааст.Қайд карда мешавад, ки корхона якчанд намуди панирҳои нимсахт ва панирҳои сахт бо сифати олӣ истеҳсол мекунад.Корхонаи панирбарорӣ аз санҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистон гузаштааст.Гирифтани иҷозатномаи содирот тасдиқ мекунад, ки корхона стандартҳои баланди сифатро ҳифз кардааст ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолшударо кафолат медиҳад.Бартарии “Эконива” дар бозори Осиёи Марказӣ дар он аст, ки корхонаҳояш сертификати “ҳалол” гирифтаанд.Ҳоло навъҳои зиёди маҳсулоти ин корхона, аз ҷумла панир, барои истеъмоли мусалмонон иҷоза дода шудааст.Панирҳои “Эконива” ба сокинони кишварҳои ҳамсоя аллакай шиносанд. Дар соли 2023 корхона содироти маҳсулоти худро ба Қазоқистон ва Арманистон оғоз кард. Илова бар ин, корхона ба Узбекистон ва Абхозистон панир содир мекунад.
https://sputnik.tj/20240907/vazorati-naqliyoti-tojikiston-korkhona-prodmash--rusiya-hamkori-1064231164.html
русия
воронеж
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2024
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/09/0b/1064299114_266:0:2997:2048_1920x0_80_0_0_04261d68a1fc98ccc598e271c96cbe4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, панир, русия, корхона, воронеж, панирбарорӣ
тоҷикистон, панир, русия, корхона, воронеж, панирбарорӣ
Панирҳои “Ҳалол” аз Воронежи Русия ба бозори Тоҷикистон ворид мешаванд
Корхонаи панирсозии Воронеж аз снҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистонро гузашт
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Корхонаи Воронеж барои содироти панир ба Тоҷикистон иҷозатнома гирифт.
Корхонаи панирбарории “Эконива”, ба фурӯши панир дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Туркманистон шурӯъ хоҳад кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ин корхона.
"Корхонаи бузургтарин ширии Русия, “Эконива”, ки дар деҳаи Шучиеи вилояти Воронеж воқеъ аст, барои содироти панир ба Тоҷикистон ва Туркманистон иҷозатнома гирифтааст", - хабар дода шудааст.
Қайд карда мешавад, ки корхона якчанд намуди панирҳои нимсахт ва панирҳои сахт бо сифати олӣ истеҳсол мекунад.
Корхонаи панирбарорӣ аз санҷиши Росселхознадзор ва расмиёти зарурии сабти ном дар Тоҷикистон гузаштааст.
Гирифтани иҷозатномаи содирот тасдиқ мекунад, ки корхона стандартҳои баланди сифатро ҳифз кардааст ва бехатарии маҳсулоти истеҳсолшударо кафолат медиҳад.
Бартарии “Эконива” дар бозори Осиёи Марказӣ дар он аст, ки корхонаҳояш сертификати “ҳалол” гирифтаанд.
Ҳоло навъҳои зиёди маҳсулоти ин корхона, аз ҷумла панир, барои истеъмоли мусалмонон иҷоза дода шудааст.
Панирҳои “Эконива” ба сокинони кишварҳои ҳамсоя аллакай шиносанд. Дар соли 2023 корхона содироти маҳсулоти худро ба Қазоқистон ва Арманистон оғоз кард. Илова бар ин, корхона ба Узбекистон ва Абхозистон панир содир мекунад.