Володин: Зарур аст, назорат бар муҳоҷирон дар Русия пурзур шавад

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкПредседатель Госдумы РФ Вячеслав Володин
Председатель Госдумы РФ Вячеслав Володин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2026
Обуна шудан
Раиси парлумони Русия гуфт, ки назорат бар муҳоҷироне, ки ба Русия меоянд, бояд тақвият дода шавад ва аз кӯч бастан ҷинояткорон ба Русия бояд пешгирӣ карда шаванд
ДУШАНБЕ, 14 мая - Sputnik. Раиси Думаи давлатӣ (парлумон) Вячеслав Володин ба хабарнигорон гуфт, ки назорат бар муҳоҷирон дар Русия боз ҳам пурзур карда мешавад.
"Мо боварӣ дорем, ки назорат бар муҳоҷироне, ки ба Русия ворид мешаванд бояд тақвият дода шавад ва барои онҳое, ки мехоҳанд дар кишвари мо истиқомат кунанд, маҳдудиятҳои нав ҷорӣ карда шаванд", - таъкид кард ӯ.
Володин таъкид кард, ки "агар муҳоҷироне, ки мехоҳанд аз кишвари худ ба Русия кӯч банданд, мушкилоти ҳуқуқӣ дошта бошанд", бояд аз шаҳрвандии Русия маҳрум карда шаванд.
Вай таъкид кард, ки айни замон, ин имкониятҳои корӣ дар Русияро "барои онҳое, ки бовиҷдонона рафтор мекунанд ва қонунҳои кишварҳои зодгоҳашонро риоя мекунанд ва сипас ба ин ҷо меоянд", фароҳам оварда шудааст.
"Агар касе дар кишвари худ қонунҳоро вайрон карда бошад, албатта, чаро ба мо чунин шаҳрванд лозим аст?!" — илова кард Володин.
Рейд по выявлению нелегальных мигрантов в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2026
Григорев: Масъалаи муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад
Вай гуфт, онҳо ба ин ҷо меоянд ва қавонинро дар ин ҷо низ вайрон мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ахиран Думаи давлатӣ қонун дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Русия тасвиб шуд.
Тибқи қонуни ҷадид муҳоҷирон дар Тоҷикистон изи ангушт месупоранд ва муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Тибқи қоидаҳои нав, шаҳрвандони хориҷӣ дар сурати доштани доғи судӣ аз шаҳрвандӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Лентаи хабарҳо
0