https://sputnik.tj/20260511/grigorev-muhojirat-hamkorii-rusiya-tojikiston-afzaliyatnok-1077462105.html
Григорев: Масъалаи муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад
Григорев: Масъалаи муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҷолибтарин самт барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор меҷӯянд, боқӣ мемонад
2026-05-11T15:51+0500
2026-05-11T15:51+0500
2026-05-11T15:51+0500
дар тоҷикистон
русия
муҳоҷират
сафир
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067120775_0:148:3072:1876_1920x0_80_0_0_fd4c8976ab08595e74d3efc1b011a490.jpg
ДУШАНБЕ, 11 мая - Sputnik. Айни замон дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод."Муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад. Айни замон беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Русия маъмултарин кишвар барои тоҷикон боқӣ мемонад. Бартариҳои мо возеҳанд: робитаҳои деринаи муқарраршуда, низоми бидуни раводид, муҳити ягонаи фарҳангӣ ва забонӣ ва бозори бузурги меҳнат", - гуфт ӯ.Григорьев қайд кард, ки бисёре аз тоҷикон аллакай дар Русия ҳамчун шаҳрвандони Русия кор мекунанд. Сафир афзуд, ки онҳо "на дар бахшҳои анъанавии муҳоҷирати меҳнатӣ, ба монанди сохтмон ва кишоварзӣ, балки дар соҳаҳои баландихтисос", аз ҷумла ҳамчун табибон ва муаллимон дар минтақаҳои Русия кор мекунанд."Мо боварӣ дорем, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои ҳарду ҷониб судманд аст. Мо бо шарикони тоҷики худ барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар ин соҳа ҳамкорӣ мекунем. Мо инчунин дарки онро дорем, ки ин равандҳо бояд танҳо дар доираи чаҳорчӯби қонунӣ бо ҳадди аксар шаффофият ва равшан барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия меоянд, сурат гиранд", - таъкид кард сафир.Тибқи маълумоти расмӣ, аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, ба Русия мераванд.Президенти Русия Владимир Путин зимни сафари давлатии худ ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 саҳми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди Русия қайд кард.
https://sputnik.tj/20251009/izhorot-kalidi-putin-muloqot-rahmon-dushanbe-1071910781.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2026
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e9/04/19/1067120775_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_9b31ffcc00bf4a91b3af3643c165609a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, русия, муҳоҷират, сафир, сиёсат
дар тоҷикистон, русия, муҳоҷират, сафир, сиёсат
Григорев: Масъалаи муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад
Русия ҷолибтарин самт барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар хориҷа кор меҷӯянд, боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 11 мая - Sputnik. Айни замон дар Русия беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд.
Дар ин бора сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев дар мусоҳиба бо ТАСС хабар дод.
"Муҳоҷират дар ҳамкории Русия ва Тоҷикистон афзалиятнок боқӣ мемонад. Айни замон беш аз 1 миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кор мекунанд. Русия маъмултарин кишвар барои тоҷикон боқӣ мемонад. Бартариҳои мо возеҳанд: робитаҳои деринаи муқарраршуда, низоми бидуни раводид, муҳити ягонаи фарҳангӣ ва забонӣ ва бозори бузурги меҳнат", - гуфт ӯ.
Григорьев қайд кард, ки бисёре аз тоҷикон аллакай дар Русия ҳамчун шаҳрвандони Русия кор мекунанд. Сафир афзуд, ки онҳо "на дар бахшҳои анъанавии муҳоҷирати меҳнатӣ, ба монанди сохтмон ва кишоварзӣ, балки дар соҳаҳои баландихтисос", аз ҷумла ҳамчун табибон ва муаллимон дар минтақаҳои Русия кор мекунанд.
"Мо боварӣ дорем, ки муҳоҷирати меҳнатӣ барои ҳарду ҷониб судманд аст. Мо бо шарикони тоҷики худ барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда дар ин соҳа ҳамкорӣ мекунем. Мо инчунин дарки онро дорем, ки ин равандҳо бояд танҳо дар доираи чаҳорчӯби қонунӣ бо ҳадди аксар шаффофият ва равшан барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба Русия меоянд, сурат гиранд", - таъкид кард сафир.
Тибқи маълумоти расмӣ, аксарияти шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа сафар мекунанд, ба Русия мераванд.
Президенти Русия Владимир Путин зимни сафари давлатии худ ба Душанбе дар моҳи октябри соли 2025 саҳми назарраси шаҳрвандони Тоҷикистонро дар рушди иқтисоди Русия қайд кард.