Зукоми “Ҳонконг” дар Тоҷикистон бедод дорад

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкПробирки. Иллюстративное фото
Пробирки. Иллюстративное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.12.2025
Обуна шудан
Эксклюзив
Зуком ё гриппе, ки дар Тоҷикистон густариш ёфтааст, зукоми “Ҳонконг” будааст
Душанбе, 13 дек — Sputnik. Дар дигар кишварҳои осиёӣ онро зукоми “хук” ҳамроҳӣ мекунад.
Имрӯзҳо дср саросари Тоҷикистон як теъдоди бузурги мардумро зукоми мавсимӣ ба бистар андохтааст. Дар аксари маворид туъмаи зукоми “Ҳонконг” тамоми аъзои хонавода мебошанд.
Наврӯз Ҷафаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон дар шарҳи вазъ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, зукоми “Ҳонконг” як чизи нав дар Тоҷикистон набуду нест.
“Аслан аз штамми H3N2 – и вируси гуруҳи “А” буда, ҳанӯз аз соли 1968, замоне, ки дар Ҳонконг бори аввал сабт шуд, вуҷуд дорад ва маҳалли зисту рушдаш кишварҳои осиёӣ ҳастанд”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Медицинские работники в городской клинической больнице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.12.2025
Паҳншавии зукоми шадид дар Тоҷикистон: Маркази эпидемиологӣ роҳи пешгириро нишон дод
Вай гуфт, ҳамеша буд, мегашту сусттар буд, хусусияташ ин аст, ки ҳар сол таркиби генетикиашро иваз мекунад ва боз бармегардад, аммо дар ин миён як маротиба “ақибнишинӣ” кард, зеро шароити дигар пеш омад.
“Баъди пандемияи соли 2019 гардиш ё сиркулятсияи тамоми зукомҳои гуруҳҳои “А” , аз ҷумла “хук” (H1N1), “Ҳонконг” (H3N2) ва “Б” (самтҳои “Ямагата” ва “Виктория”) аз бозӣ баромаданд ё пушти парда рафтанд, дар маҳалли зисту рушдашон, яъне кишварҳои Осиё боқӣ монданд”, - гуфт муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ.
Вай афзуд, бозгашти зукомҳо соли 2022 сурат гирифт, ки вирус андак қавитар омад, чун клайдҳо таркиби генетикии онро дар қиёс бо солҳои 2019 – 2018 иваз карда буданд.
“Ҳар сол таркибаш тағйир мехӯрад, аз ин мавсим ба мавсими дигар клайди нав пайдо мешавад. Соли 2000 клайди CDA буд, баъдан клайди Фуҷиан пайдо шуд. Агарчи таҳоҷумӣ (агрессив) набуд, аммо барои ваксинсозон мушкил эҷод кард. Чун тағйирёбанда аст, барои пешбинӣ кардани ваксина барояшон мушкил шуда истодааст”, - гуфт Наврӯз Ҷафаров.
Вай гуфт, мавсимҳо дар қора фарқ мекунанд, агар дар Осиёи Марказӣ як мавсим аст, дар Осиёи Шарқӣ ё Ғарбӣ мавсими дигар аст, аз ин хотир, зукомҳо дар шароити ба худ мувофиқ зуҳур мекунанд.
“Ҳоло дар кишварҳои мо ҳам зукоми “хук” (H1N1) ва “Ҳонконг” (H3N2) равон аст. Ҳам зукоми хук, ки аз соли 2009, ҳам зукоми “Ҳонконг”, ки соли 1968 шакл гирифтаанд, муштарак ду намуд фаъол ҳастанд”, - гуфт .
Дар ҳамин ҳол, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ гуфт, вазъе, ки имрӯз ба вуҷуд омадааст, ҳеҷ ҷое барои нигаронӣ надорад.
Рахмонзода Султон, директор Государственного санитарно-эпидемиологического центра Согдийской области. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.12.2025
Раҳмонзода омили асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ миёни мактаббачагонро гуфт
Тамоми бемориҳои нафас ва ҳам зуком нишона ё симптоми ягона доранд: табъи баланд, гулуи хушк, қаъйкунӣ, шикамравӣ ва ҳар ҷоро ки вирус ҳадаф гирифт, ҳамон ҷо ба дард меояд, аз ҷумла рудаҳо сахт мешаванд.
“Нахуст бояд роҳи табобатро пеш гирифт: чаҳор рӯз бистарӣ шудан хона, обу чой ё дар умум моеъи гарм, лиму, хӯрокҳои сабук, тағйири ҳавои хона, нафаси тоза. Аммо доруворӣ ва витаминҳро бояд сирфан бо дастури духтурон бояд истифода кард”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай ҳушдор дод, ки худтабобаткунӣ хатар дорад, бахусус, беэҳтиётӣ метавонад калонсолон ва хурдтаронро ба илтиҳоби шуш (пневмония) расонад.
Лентаи хабарҳо
0